IQNA

Дидабони Ал-Азҳар дар вокуниш ба қуръонсӯзӣ дар Лондон

Қатъ кардани ҳодисаҳои исломситезӣ талабгузори қабули қонунҳои назоратӣ аст

8:07 - February 16, 2025
рақами хабар: 2899
ИКНА - Дидабони Ал-Азҳар дар вокуниш ба ҳодисаи қуръонсӯзӣ дар назди сафорати Туркия дар Лондон бар зарурати қабул ва фаолсозии қонунҳои назоратӣ барои ҷилавгирии такрори чунин ҳодисаҳо таъкид кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Садди Балад», ин марказ дар баёнияе эълон кард: «Ифротгароӣ ба сулҳи иҷтимоӣ соя афкандааст. Дидабони Ал-Азҳар бо пайгирии ҳодисаҳо дар саросари ҷаҳон, кӯшиши сӯхтани Қуръон дар назди консулгарии Туркия дар Лондонро, ки бо дахолати хушунатомез барои ҷилавгирии ин ҳодиса ҳамроҳ буд, пайгирӣ кардааст».

Дар ин баёния омадааст: «Марде, ки дар ин ҳодиса барои сӯхтани Қуръон кӯшиш кардааст, пештар дар як пуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буд, ки ба хотири Салван Момика, ки соли 2023 дар беруни масҷиди марказии Стокҳолм дар Шветсия қуръонсӯзӣ карда буд ва чандӣ пеш дар як ҳутел дар Шветсия кушта шуд, ба Лондон рафта ва Қуръонро хоҳад сӯхт».

Ин ҳодиса пас аз боздошти як фарди таҳдидкунанда дар Сингапур тавассути полис ин кишвар ба хотири барномарезии ҳамла ба як масҷиди Сингапур бо мақсади қатли оммавии мусулмонон, монанди ҳодисаи Ниюзеланд дар соли 2019, рух дод.

Таҳқиқоти расмӣ нишон дод, ки муттаҳам маъруф ба «Некли» тавассути бозиҳои видеоӣ ва хушунатомез онлайн ва ҳамчунин гуфтугӯ бо унсурҳои ростгари ифротӣ ин амалро омӯхтааст ва монанди ҳамла ба масҷиди «Крист Чёрч»-и Ниюзеланд, ки ҳодисаи хунбори таърихии ин кишвар аз ҷониби «Брентон Тарант», тарафдорон назарияи бартарии сафедпустон, буд, қасд дошт ба масҷиди Сингапур ҳамла кунад.

Пайгирии ин ду ҳодиса ба ин масъала ишора мекунад, ки ҳар дуи онҳо бо андешаҳои ростгари ифротӣ, ки барои наҳодина кардани табъиз ва танаффур дар миёни тарафдорон кӯшиш мекунад, марбут аст ва ин мавзӯъ пеш аз ин низ дар бисёре аз ҳамлаҳои исломситезӣ, аз ҷумла ҳодисаи Ниюзеланд, худро нишон додааст.

Ҳамаи ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки чунин воқеаҳо ба манфиати ҷомеа нестанд; балки оқибатҳои манфӣ доранд ва бо тақсими ҷомеа, хушунатро таҳдид хоҳад кард ва ин ҳамон чизест, ки дар ҳодисаи сӯхтани Қуръон дар Лондон бо дахолати хушунатомези як фард барои посух ба ин ҳаракати ифротгароӣ шоҳид будем».

Дидабони Ал-Азҳар дар хотима қабули қонунҳои назоратӣ, фаолсозии қонунҳои мавҷуд барои ҷилавгирии такрори ин гуна ҳодисаҳои нажодпарастона ва қабули қонунҳое барои назорат бар андешаҳои ифротӣ, ки дар фазои маҷозӣ паҳн мешаванд, талаб кард.

Ин марказ аз мақомоти масъул низ хоҳиш кард, ки тадбирҳое барои огоҳибахшӣ дар ҷомеа иҷро карда ва маводҳои таълимӣ интишор кунанд, ки арзишҳои инсонӣ, монанди тобоварӣ ва ҳамзистии оромро дар миёни ҷавонон ва гурӯҳҳое, ки бештар таъсир аз андешаҳои ростгари ифротӣ мегиранд, тарғиб кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки панҷшанбеи гузашта марде, ки як ҷилди Қуръонро дар назди бинои консулгарии Туркия дар Лондон оташ зада буд, бо ҳамлаи як марди кордбадаст рӯбарӯ шуд ва мавриди зарбу шаст қарор гирифт.

Ба навишти рӯзномаи «Дейли Мил», тасвирҳои интишоршуда дар шабакаи X (Twitter) нишон медиҳанд, ки марде бо кулоҳ бар сар ва кӯллапуштӣ як ҷилди китоби Қуръонро оташ задааст.

Гуфта мешавад, ки ин марди ҳатток дар назди монеаҳои сафорати Туркия дар «Рутленд Гарденз»-и Лондон истода буд.

Каме пас аз ин амал, марди дигар ба фарди ҳатток ҳамла кард ва Қуръонро аз рӯи замин бардошт ва ба сӯи ин фард оби даҳон андохт.

Ба гузориши полис, ин марди ҳатток бо захмҳо ба беморхона интиқол дода шуд. Ӯ пештар гуфта буд, ки ба хотири хунхоҳии «Салван Момика» ба Лондон рафтааст, то Қуръонро бисӯзад ва видео аз худ ҳангоми анҷоми ин кор интишор кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4266325

captcha