Синон Саъдӣ, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Ироқ, дар суҳбат бо ИКНА дар бораи созиши оташбас байни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос дар Ғазза ва ояндаи он, монеаҳо ва мушкилоти дар пешистодаи ин тавофуқ ва нақши Доналд Трамп, раисиҷумҳури нави Амрико, дар расидан ба оташбасро баррасӣ намуд ва ба саволҳои ИКНА дар ин замина посух дод. Матни суҳбат дар идома меояд:
Яке аз сабабҳои асосии ин тасмим, хисороти сангини режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза буд. Ин режим ҳафт баталёни низомиро сафарбар кард, ки дар миёни онҳо ду баталёни пурқувват буданд, ки қаблан дар ҳеҷ ҷанг бо арабҳо шикаст нахӯрда буданд.
Фишорҳои байналмилалӣ низ яке аз далелҳои қабул шудани оташбас аз ҷониби Исроил буд. Ин режим бинобар қатли ваҳшиёнаи ғайринизомиёни бегуноҳ дар Ғазза зери фишори шадиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт.
Масоили сиёсӣ ва иқтисодии дохилӣ низ дар ин тасмим таъсир гузоштанд. Ҷанги Ғазза барои режими саҳюнистӣ паёмадҳои иқтисодии бузурге дошт, ки ба навбаи худ фишорҳои сиёсии зиёдро ба ҳукумати Нетаняҳу ворид кард.
Миёнҷигарии байналмилалӣ низ дар қабули оташбас нақши муҳимме дошт. Режими саҳюнистӣ ин миёнҷигариро як фурсат барои ҳифзи обрӯи худ донист ва ба ҳамин далел, миёнҷигарии Амрико, Қатар ва Мисрро баъд аз беш аз як сол аз куштори ваҳшиёнаи фаластиниён қабул кард ва таслим шуд.
Иҳтимоли вуҷуди баррасиҳои низомӣ ва стратегӣ низ метавонад яке дигар аз омилҳои қабули оташбас аз ҷониби режими саҳюнистӣ бошад.
Ҳамаи мо медонем, ки дар минтақа як пружаи амрикоӣ - саҳюнистӣ вуҷуд дорад. Ин пружа дар Ғазза ва сипас дар ҷануби Лубнон ва Сурия иҷро шуд. Танҳо Ҳавсиҳо ва гурӯҳҳои ироқӣ мондаанд, ки барои татбиқи комили ин пружа бояд нобуд шаванд.
Аз ин рӯ, мебинем, ки Трамп барои хотима додан ба ҷанги Ғазза ҷиддӣ буд, то битавонад Ҳавсиҳо ва гурӯҳҳои ироқиро аз байн бибарад ва дар ниҳоят Эронро маҷбур созад, ки бар асоси қоидаҳои бозии амрикоиҳо ба музокирот ворид шавад. Ба ибораи дигар, Трамп ҳамон кореро идома медиҳад, ки дигарон оғоз карда буданд – яъне аз байн бурдани меҳвари муқовимат дар минтақа ва бештар дар тангно қарор додани Эрон, то онро водор созад, ки бар асоси шартҳои Амрико ба музокира розӣ шавад.