IQNA

Ифтитоҳи намоишгоҳи «Қуръон дар нигоҳи дигарон» дар Тунис

7:17 - February 17, 2025
рақами хабар: 2906
ИКНА - Намоишгоҳи «Қуръон дар нигоҳи дигарон» бо ҳамкории Маркази миллии мерос ва Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Мағриби муосир дар Китобхонаи миллии Тунис ифтитоҳ ёфт.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз хабаргузории Тунис, ин намоишгоҳ бо ҳадафи ошноӣ бо таъсири Қуръон дар андешаҳои фалсафӣ, динӣ ва фарҳангии Аврупо аз асрҳои миёна оғоз гардида, то 30 апрел идома хоҳад дошт.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 80 нусхаи хаттӣ ва ҳуҷҷати нодири қуръонӣ, ки дар муассисаҳои Тунис ва дигар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Ин намоишгоҳ назари тозае ба тарзи баррасии Қуръон дар равишҳои аврупоӣ дар таҳқиқоти академикӣ ва ё доираҳои баҳсҳои фарҳангӣ ва фикрӣ пешниҳод мекунад. Ин пешниҳод бо истифода аз технологияи муосир, аз ҷумла экранҳои интерактивӣ, харитаҳои рақамӣ ва клипҳои видеоӣ сурат мегирад, ки ба боздидкунандагон имкон медиҳад таҷрибаи басиравӣ ва таърихии худро ғанӣ гардонанд.

Холид Кашир, мудири Китобхонаи миллии Тунис, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тунис – Африқо изҳор дошт, ки ин намоишгоҳ паёмест, ки аз марзҳои суннатии Шарқ ва Ғарб фаротар рафта, ҳадафи он намоиш додани ҳамбастагии фарҳангӣ байни Ислом ва Аврупост.

Вай афзуд: «Ин як тарҳи таҳқиқотист, ки соли 2019 бо маблағгузории Шӯрои таҳқиқоти Аврупо оғоз шуда, як қадами муҳими пуштибонӣ аз тарҳи фарҳангии Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад.»

Ин намоишгоҳ равандҳои интиқоли Қуръон ва нусхаҳои хаттии исломиро миёни Мағриби Араб (панҷ кишвари воқеъ дар шимол ва шимолу ғарби Африқо) ва Аврупо нишон дода, ҳуҷҷатҳои таърихиро ба намоиш мегузорад, ки собит месозанд, чӣ гуна Қуръон дар Аврупо, аз асрҳои миёна то замони муосир, меҳвари баҳсҳои фикрӣ будааст.

Намоишгоҳи Тунис на танҳо ба пешниҳоди асноди таърихӣ маҳдуд мешавад, балки мекӯшад саволҳои амиқтареро дар бораи ҷойгоҳи Қуръон дар фарҳанги аврупоӣ ва нақши он дар баҳсҳои фикрӣ ва фалсафии Аврупо, хусусан пас аз густариши тарҷумаҳои Қуръон дар даврони муосир, матраҳ намояд.

https://iqna.ir/fa/news/4266511

captcha