Ба гузориши ИКНА, ҳар сол дар Ғарб китобҳои зиёде дар бораи таърихи Арабистон ва аъроб мунташир мешавад, ки бештар бар даврони пас аз Ислом тамаркуз доранд. Бо ин ҳол, шинохти пешинаи даврони пеш аз Ислом ва заминаи таърихии зуҳури Ислом дар нимҷазираи Араб аҳамияти зиёде дорад.
Барҷастатарин падидаи таърихии нимҷазираи Араб ва сокинони он зуҳури дини Ислом дар асри ҳафтуми мелодӣ ва густариши он дар сарзаминҳои дурдасту наздик мебошад. Аз ҳамин рӯ, таҳқиқот дар бораи зиндагии Паёмбари Ислом (с), нузули Қуръон, футуҳоти мусулмонон ва гаравидани ақвоми гуногун ба ин дин дар бисёре аз пажӯҳишҳои таърихии ин минтақа бозтоби густардае доштааст. Ин мавзӯъ ҳамзамон таваҷҷуҳи зиёдро ба пешинаи қадимии ин сарзамин дар даврони пеш аз Ислом ҷалб кардааст.
Роберт Ҷ. Ҳойланд (Robert G. Hoyland), муаррих ва мутахассиси 57-солаи таърихи Ховари Миёна, яке аз пажӯҳишгарони барҷастаи ин соҳа маҳсуб мешавад.
Шинохтатарин асари академии ӯ "Ислом аз нигоҳи дигарон" (Seeing Islam as Others Saw It) яке аз осори муҳим дар заминаи таърихнигории ибтидоии исломӣ аст, ки гузоришҳои шоҳидони ғайримусулмон аз он давраро баррасӣ мекунад. Ҳойланд ҳамчунин дар китоби "Роҳи Худо: Футуҳоти аъроб ва шаклгирии як империяи исломӣ" (2014) (God's Path: The Arab Conquests and the Creation of an Islamic Empire) дидгоҳи суннатиро дар мавриди футуҳоти ибтидоии мусулмонон ба чолиш мекашад.
Ба тозагӣ, китоби дигаре аз ӯ бо унвони "Нимҷазираи Араб ва аъроб: аз давраи биринҷ то зуҳури Ислом" бо тарҷумаи Алии Маҳдавипур аз сӯи Нашри Чашма мунташир шудааст. Ин китоб тарҷумаи асари (Arabia and the Arabs: From the Bronze Age to the Coming of Islam (Peoples of the Ancient World)) мебошад, ки нахустин нашри он соли 2001 аз тарафи Нашриёти Рутледҷ (Routledge) ба чоп расидааст.
Ҳойланд бо такя ба санадҳо ва мадорики боэътимод, аз ҷумла Қуръон, ривоятҳои таърихии хаттӣ, ктибаетҳо, ашъори қабл аз Ислом ва тафсирҳои исломӣ, ба таҳқиқи вазъияти қавми аъроб аз давраи биринҷ то зуҳури Ислом мепардозад.