Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Euronews, Ватикан эълом кард, ки вазъи ҷисмонии раҳбари католикҳои ҷаҳон ба далели уфунати чандгона дар дастгоҳи нафаскашӣ вазнин шудааст.
Ватикан дар баёнияе эълом намуд, ки натиҷаи CT-скани дирӯзаи Поп нишон додааст, ки ӯ ба «уфунати чандгона» мубтало шудааст ва ба дармонҳои бештар ниёз дорад.
Уфунати дугонаи шуш бемории бисёр ҷиддист, ки метавонад боиси варам ва пайдоиши захм дар ҳар ду шуш шуда, нафаскаширо ба шиддат душвор созад.
Ватикан изҳор дошт: озмоишҳо, аксбардории қафаси сина ва вазъи клиникии Падари муқаддас ҳамчунон як тасвири печидаро нишон медиҳад. Уфунати чандгона раванди муолиҷаро беш аз пеш чолишбарангез кардааст. Бо ин вуҷуд, рӯҳияи Поп хуб аст.
Попи Франсис, ки 88-сола аст ва қаблан низ борҳо бо мушкилоти шушӣ рӯбарӯ шудааст, ҳафтаи гузашта барои анҷоми озмоишҳои пизишкӣ дар беморхонаи Ҷемелии Рим бистарӣ шуд. Вазъи ӯ дар рӯзҳои ахир собит будааст, аммо ҳамчунон ба нигоҳубини вижа ниёз дорад.