IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 48

Чӣ касе метавонад дар муқобили Худованд биистад?

23:42 - August 02, 2023
рақами хабар: 293
Теҳрон (ИКНА) гурӯҳе эътиқоде ба вуҷуд ва таъсири Худованд дар ҷаҳон надоранд. Чолиши аслии ин гурӯҳ он аст, ки чигуна ва бо чӣ абзоре мехоҳанд дар баробари иродаи Худованд истодагӣ кунанд?

Кофир дар адабиёти Қуръони Карим ба афроде гуфта мешавад, ки дини ҳаққро намепазирад ва боваре ба усули сегонаи дини Ислом, яъне тавҳид, набувват ва маод надорад. Вожаи куфр ба маънои пинҳон кардан ва пӯшондан аст. Куфр мумкин аст ношӣ аз ҷаҳл ё шак бошад ва гоҳ ношӣ аз эътиқод ба умуре аст, ки бо вуҷуди онҳо дастёбӣ ба маорифи фавқ номумкин мешавад. Куфрро ҳамонанди имон, амри қалбӣ донистаанд.

Саволи ҷиддӣ инҷост, ки кофир ба пуштивонаи чӣ чизе мехоҳад ва метавонад дар баробари иродаи Худованд истодагӣ кунад?

إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَنْ تُغْنِيَ عَنْهُمْ أَمْوَالُهُمْ وَلَا أَوْلَادُهُمْ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا وَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ; "Касоне, ки куфр варзиданд ҳаргиз амволашон ва аввалодашон чизе [аз азоби худо]ро аз онон дафъ нахоҳад кард ва онон аҳли оташанд ва дар он ҷовдона хоҳанд буд" (Оли Имрон, 116)

Нуқтаи муқобили афроди бо имон ва ҳақҷӯ, ки вижагиҳои онҳо дар оёти Қуръон ба хусус оёти қаблии сураи Оли Имрон зикр шудааст, афроди беимон ва ситамгаре ҳастанд, ки дар ин оят тавсиф шудаанд. Нахуст мефармояд: «кофирон ҳаргиз наметавонанд дар паноҳи сарват ва фарзандони мутааддиди хеш аз муҷозоти Худо дар амон бимонанд. Ин, ки аз имконоти модӣ танҳо ишора ба сарват ва фарзандон шуда, ба хотири он аст, ки муҳиммтарин сармояҳои модӣ, як нерӯи инсонӣ аст, ки ба унвони фарзандон зикр шудааст ва дигарӣ сармояҳои иқтисодӣ мебошад ва бақияи имконоти модӣ аз ин ду сарчашма мегирад.

Қуръон бо сароҳат мегӯяд: имтиёзҳои молӣ, ва қудрати ҷамъӣ, ба танҳоӣ наметавонд дар баробари Хуадованд, имтиёз маҳсуб шавад, ва такя кардан бар онҳо иштибоҳ аст, магар ҳангоме, ки дар партави имон ва нияти пок дар масирҳои саҳеҳ ба кор гирифта шаванд, дар ғайри ин сурат «онҳо (соҳибони амвол) асҳоби дӯзаханд ва ҷовдона дар он хоҳанд буд».

Нукта

Дар тафсири Нур борҳо Қуръон эълом карда, ки на мол, на фарзанд, на хешон, на ҳамсар, на дӯст, на сарпараст ва на ҳеҷ чизи дигар, дар баробари қаҳри Худо заррае корсоз нест.

Тамоми талошҳо ва будҷаҳое, ки куффор дар роҳи ботил сарф мекунанд, ҳамчун базрпошӣ дар киштзоре аст, ки бо як боди сӯзон нобуд мешавад. Аз ибтидои зуҳури Ислом токунун, ҳаргуна тавтеа, таҳоҷум ва таблиғот алайҳи Ислом бо шикаст рӯбарӯ шуда ва дини илоҳӣ ҳар рӯз рушд ва густариш ёфтааст ва саранҷом пирӯзӣ бо Ислом аст.

Паёмҳои оят 

1- Ақида, дар амал таъсиргузор аст. Куфр, сабаби маҳрумият аз баракоти инфоқ мегардад. نَّ الَّذِينَ كَفَرُوا ... مَثَلُ ما يُنْفِقُونَ

2- Аз авомили ҳаводис ва балоёи табиӣ, гуноҳон башар аст. رِيحٍ فِيها صِرٌّ أَصابَتْ حَرْثَ قَوْمٍ ظَلَمُوا

3- Гуноҳ, корҳои некро нобуд мекунад. ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ فَأَهْلَكَتْهُ

4- Қаҳри Худованд зулм нест, балки бозтоби амалкарди худи инсон аст. وَ ما ظَلَمَهُمُ اللَّهُ وَ لكِنْ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

captcha