Ба гузориши ИКНА бо истинод ба Гелф Нюз, Арабистони Саудӣ қонунҳои наве қабул кардааст, ки бар асоси онҳо истифодаи камера дар масҷидҳо барои филмбардорӣ дар вақти намоз дар моҳи мубораки Рамазон манъ шудааст.
Агентии хабарии Арабистони Саудӣ (SPA) эълон кард, ки Вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди исломӣ инчунин намози расмиро дар ҳар платформаи расмии медиа манъ кардааст.
Дар ин дастурнома ба зарурати риояи ин қонунҳо аз ҷониби имомон ва мубаллиғони Исломӣ ва эҳтиром ба адатҳои динӣ аз ҷониби намозгузорон таъкид шудааст. Ба гуфтаи ин вазорат, ин тадбирҳо бо мақсади ҳифзи эҳтиром ва рамзи масҷидҳо ва таъмини муҳити ибодатии ором ва озод аз омилҳои монеъ гардидани таваҷҷӯҳ барои ибодат қабул шуда аст.
Абдулраҳмон Ас-Судайс, раисии умури мазҳабии Масҷидул-ҳаром ва Масҷидун-набӣ (с), ба масъулияти вазоратхона барои таҳкими хидматҳо ва барномаҳояш дар моҳи муборак таъкид кард.
Ғайр аз ин, ин вазоратхона ният дорад барномаҳои амалии моҳи Рамазонро рақамӣ кунад, то осоиштагии зоирони умра ва меҳмонони Харамайни Шарифайнро беҳтар намояд.
Мақомот мегӯянд, ки ин тадбирҳо барои кӯмак дар баргузории ором ва маънавӣ моҳи Рамазон роҳандозӣ мешаванд.