Ҳамид Маҷидимеҳр, раиси Маркази умури қуръонии созмони Авқоф ва умури хайриявӣ дар ҳошияи дуюмин давраи ҷашнвораи миллии тиловатҳои тақлидӣ дар суҳбат бо хабарнигорони агентии "ИКНА" бо ишора ба баргузории ин ҷашнвора дар шаҳри Қазвин гуфт: "Ба воситаи баргузории ин ҷашнвора гурӯҳи зиёде аз қуръониён, аз ҷумла бузургсолон ва навҷавонон ҷамъ омадаанд, пас ба унвони ин ки маросими ташйиъи шодравонҳои мавзеъи муқовиматро дорем, тасмим гирифтем, ки ба хайли ошиқон ба шаҳидон бипайвандем ва имрӯз соати 16:00 дар ин макони муқаддас дар имомзода Ҳусайн (а) шаҳри Қазвин ба ёди ин шаҳидони воломақом муҳимтарин ва бузургтарин маҳфили қуръонии ёдбуди ин шаҳидонро баргузор намоем."
Вай афзуд: "Дар ин маҳфили нуронӣ, ки ба таври зинда аз расонаҳои мухталиф пахш мешавад, Қосими Муқаддасӣ, Ҳамиди Шокирнаҷод, Сайид Муҳаммад Ҳусейнипур ва Ваҳид Назариён, қориёни байналмилалии кишвар ба тиловати оятҳое аз Қуръони Карим хоҳанд пардохт. Суханронии фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии вилояти Қазвин қисми дигари барномаи ин маросим хоҳад буд."
Маҷидимеҳр бо ишора ба ин ки шаҳидони мо барои болобурдани азамати Қуръон рафтанд, гуфт: "Коре, ки имрӯз анҷом медиҳем барои баланд бардоштани номи Қуръон аст. Иншоаллоҳ мо, мисли шаҳидон, амалкунандагони Каломуллоҳи Маҷид бошем. Боварии мо ин аст, ки сабаби пирӯзии мавзеъи муқовимат ин аст, ки асоси онҳо асоси қуръонӣ мебошад."