IQNA

Пайкари шаҳид Насруллоҳ ҳамроҳ бо хоки Масҷидул-Ақсо ором мегирад + видео

16:10 - February 24, 2025
рақами хабар: 2939
ИКНА - Дар тамоми умри пурбаракаташ ва то замони шаҳодаташ, Фаластин мақсади ҷиҳодаш буд ва акнун пайкари мутаҳҳараш бар хоки ватан ва ҳамроҳ бо хоки Фаластин ором мегирад.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз ал-Манар, Раиси кумитаи расмии маросими ташйиъи шаҳидон Сайид Ҳасани Насруллоҳ ва Шайх Сафйиддин эълон кард, ки хоки Масҷидул-Ақсо ҳамроҳ бо пайкари шаҳид Насруллоҳ дафн мешавад.

Ғайр аз турбат ва хоки ҳарами Сайидуш-Шуҳадо (а), имрӯз миқдоре аз хоки Фаластин ва хоки Масҷидул-Ақсо низ бо пайкари мутаҳҳарри Дабирикулли Ҳизбуллоҳ ва Сайидуш-Шуҳадои уммати Ислом, шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ дафн мегардад.

Шаҳид Насруллоҳ дар тамоми умри пурбаракаташ ва то замони шаҳодаташ, Фаластин мақсади ҷиҳодаш буд ва тақдир чунин аст, ки пайкари мутаҳҳараш бар хоки ватан ва хоки Фаластин ором мегирад.

Шояд Сайид Ҳасан Насруллоҳ наметавонист хоки Фаластинро дар оғӯш гирад, аммо ба воситаи чанд даҳа ҷиҳодаш дар роҳи озодии Фаластин, хоки Фаластин ӯро барои оғӯш гирифтан интихоб кард.

Гуфтанист, ки шишае, ки дар он хоки Масҷидул-Ақсо нигоҳ дошта шудааст, аз як хонаводаи муҷоҳиди сокини Байтулмуқаддас, барои қадрдонӣ аз як умр талоши Насруллоҳ барои Ҳизбуллоҳи Лубнон фиристода шудааст, зеро Сайид Ҳасан Насруллоҳ ҳамеша дар дастгирии фаластиниҳо устувор ва қавӣ буд. Фаластин дар андешаи Насруллоҳ мавзӯи гузаро ё шиор нест, ки дар маҳфилҳо матраҳ шавад, балки фармонест, ки аз дили ӯ хориҷ мешавад.

Ин шиша хоки Фаластин ва хоки Масҷидул-Ақсо аст, зеро хоки Лубнон, хоки Ал-Ақсо ва хоки Фаластинро дар оғӯш гирифтааст.

Ин шиша танҳо як мӯшти хок нест, балки гӯиё шаҳодати хомӯш аст бар аҳде, ки шикаста нашуд ва паёми зинда аз Қудс ба марде, ки озодии онро вазифаи асосии худ қарор дода буд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ки ҳамеша ваъда дода буд, ки дар Масҷидул-Ақсо намоз хоҳад хонд, пеш аз он ки пояшро бар хоки он замини муборак бигузорад, ба шаҳодат расид; вале тақдир роҳи дигареро барои ӯ рақам зад. Ба ҷои он ки ба он ҷо расад, худи он замин ба сӯи ӯ омад, гӯё ба ваъда ва байъатеи ки ҳеҷгоҳ шикаста нашудааст, посух медиҳад.

Video Player is loading.
Current Time 0:00
/
Duration 0:00
Loaded: 0%
0:00
Progress: 0%
Stream Type LIVE
Remaining Time -0:00
 
1x
код

https://iqna.ir/fa/news/4267843

captcha