IQNA

Раҳбари олии Эрон дар мулоқот бо масъулони баргузории ҳамоиши байналмилалии тафсири “Тасним”:

Ҳавзаи илмия мадюни оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аст

7:47 - February 25, 2025
рақами хабар: 2943
ИКНА - Раҳбари олии Эрон дар мулоқот бо масъулони баргузории ҳамоиши байналмилалии тафсири “Тасним” бо гиромидошти шахсияти мумтоз ва барҷастаи оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассири бузурги Қуръони Карим ва соҳиби тафсири “Тасним”, гуфтанд, ки ҳавзаи илмия мадюни кӯшишҳои ин олими хирадманде мебошад, ки беш аз 40 сол барои таҳқиқ, таълим ва таълифи тафсири “Тасним” заҳмат кашид.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз сомонаи расмии дафтари мақоми муаззами Инқилоб, суханони раҳбари Инқилоби Эрон дар мулоқот бо масъулони баргузории ҳамоиши байналмилалии тафсири “Тасним”, барпо гардида буд, имрӯз дар макони баргузории ҳамоиш дар Қум мунташир шуд.

Раҳбари олии Эрон дар ин мулоқот, бо гиромидошти шахсияти мумтоз ва барҷастаи оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассири бузурги Қуръони Карим ва соҳиби тафсири “Тасним”, ҳавзаи илмияро мадюни талошҳои ин олими хирадманде ба шумор оварданд, ки беш аз 40 сол барои таҳқиқ, таълим ва таълифи тафсири “Тасним” заҳмат кашид ва илова намуданд: "Албатта, фаолиятҳои оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар соҳаҳои илмҳои ақлӣ ва нақлӣ ва корҳои фиқҳӣ, фалсафӣ ва ирфонии ӯ ҳама муҳим ва шоистаи таъриф аст, аммо ҳеҷ кадом аз онҳо бо кори тафсири Қуръон наметавонанд баробар бошанд."

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тафсири Таснимро манбаи ифтихори Шиъа ва ҳавзаи илмия хонданд ва дар баррасии баъзе хусусиятҳои ин тафсир гуфтанд: "Қуввати фикрии маънавии муфассири муҳтарам кӯмак ба фаҳмишу донишҳои нозук ва равшан, ки дар оятҳои Қуръон наҳуфтааст, кардааст. Ҳамчунин, ин тафсир монанди тафсири Ал-Мизон аст, вале муосиртар ва васеътар аст ва пур аз маълумотҳое мебошад, ки барои истифода фоидаовар ва дар асл як доиратулмаъорифи  ҷомеъ аст."

Ишон ёди Аллома Тобатобоӣ соҳиби тафсири Ал-Мизонро ҳамчун бунёдгузори диққат ба тафсир ва мафоҳими қуръонӣ дар ҳавзаи илмия гиромӣ доштанд ва таъкид карданд: "Баргузории тақрибан 200 дарс оид ба тафсири Қуръон дар ҳавзаи илмияи Қум мужда ва хабари хуше аст, ки бояд ин раванд тақвият ва устувор гардонид."

Раҳбари олии Эрон таъкид карданд, ки пурра кардани тарҷумаи арабии тафсири “Тасним” барои истифодаи он дар ҷаҳони Ислом зарурӣ аст ва аз оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва гурӯҳи пажӯҳишгарони ин тафсир ташаккур ва қадрдонӣ намуданд.

Тафсири “Тасним” таълифи Ҳазрати оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ мебошад, ки дар 80 ҷилд ҷамоварӣ ва навишта шудааст. Таълифи ин тафсир натиҷаи 40 сол омӯзиш ва таҳқиқи оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва ҳамкории даҳҳо пажӯҳишгар ва муҳаққ дар шеваҳои гурӯҳҳои пажӯҳишӣ аст, ки дар зумраи "тафсирҳои Қуръон ба Қуръон" қарор дорад. Равиши муаллиф аз зикри оят ё оятҳои мавриди назар ва баррасии онҳо дар чаҳор марҳила иборат аст: "Таърифҳои тафсир", "Тафсири оят", "Латоиф ва ишоратҳо" ва "Мавзӯъҳои ривоӣ".

https://iqna.ir/fa/news/4268005

captcha