IQNA

Ҷашнворае барои таваллуди Миншовиҳои оянд + тасвир

7:49 - February 25, 2025
рақами хабар: 2944
ИКНА - Кӣ медонад? Шояд солҳо пас, дар як маҳфили байналмилалӣ дар масҷиде дар Миср, ё дар як маҳфили қуръонӣ дар Ҳарами Мутаҳҳар Разавӣ, садое баланд шавад, ки ҷаҳонро мутааҷиб кунад. Шояд дар ҳамон ҷо, яке аз қориёни имрӯз, ки дар ин ҷашнвора иштирок мекунад, ба номи бузург дар дунёи тиловат табдил ёфта, ин рӯзҳоро ёд оварад; рӯзҳое, ки ӯ ҳанӯз навҷавон буд, кӯшиш мекард, ки аз устодонаш тақлид кунад ва намедонист, ки худ як рӯз устод хоҳад шуд.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, ки ба Қазвин фиристода шудааст, дар ҳавои муатари имомзода Ҳусейн (а) дар Қазвин, нағмаҳое танинандоз шуда, ки рангу бӯи осмонро доранд. Нағмаҳое, ки аз ханҷараи навҷавононе баланд мешавад, ки ҳоло дар нимароҳи тиловат қарор доранд, вале дар овози онҳо он покӣ ва хулусе намоён аст, ки ёдовари қориёни бузург дар гузашта аст.

Дуввумин давраи ҷашнвораи миллии тиловатҳои тақлидӣ, на танҳо маъракае барои рақобат, балки коргоҳе барои парвариши рӯҳ ва овоз аст; ҷое, ки Миншовиҳо ва Абдулбоситҳои оянда аввалин зимзамаҳои бузург шуданашонро машқ мекунанд. Дар ин ҷашнвора, тақлид танҳо як марҳала аст, на як мақсад; пӯле аст, ки навҷавононро аз хомӣ ба пӯхтагӣ мерасонад ва аз замзамаҳои аввалин овози мандгор месозад.

52 қорӣ аз 20 устон дар ин маҳфили нуронӣ ҷамъ омадаанд. Ҳар кадоме аз онҳо, сафирест аз як шаҳр, як хона ва як хонавода, ки муҳаббати Қуръонро дар ҷонашон дамидаанд. Инҷо, танҳо ҷое барои санҷиши маҳорати овозӣ ва лаҳнӣ нест, балки майдони озмоише барои сабр, пуштикор ва имон аст. Навҷавононе, ки ба ин арса қадам мегузоранд, на танҳо овозашонро, балки шахсият ва иродаашонро низ дар маърази санҷиш мебинанд.

Ҳар овозе, ки аз ханҷараи ин навҷавонон бармеояд, пардае аз роҳи пешрафтро канор мезанад.

Бар асоси гуфтаи баргузоркунандагони ин рӯйдод, он чизе, ки ин ҷашнвораро ба таври фарқкунанда мебарорад, на танҳо овози дилнишини қориён аст. Як мусобиқа, ҳарчанд дар сатҳи миллӣ баргузор шавад, агар ба назар танҳо рақобат бошад, ҳеҷ чизе боқӣ намемонад, ҷуз номи чанд нафари барҷаста. Вале ин ҷашнвора, бештар аз як мусобиқа аст. Инҷо, ҷое аст, ки ояндасозони тиловат тарбият меёбанд, ҷое, ки навҷавонон, ба ҷуз маҳорати овозӣ ва лаҳнӣ, дарсҳои дигаре низ меомӯзанд.

Имрӯзҳо, Қазвин мизбони рӯйдоде аст, ки бештар аз як мусобиқа, бештар аз як ҷашнвора аст. Инҷо, маконе аст, ки овозҳо атри маънавият доранд ва нигоҳҳо ба фардои равшантар духта шудаанд. Инҷо, макони таваллуди ситораҳои фардо аст.

Кӣ медонад? Шояд солҳо пас, дар маҳфили байналмилалӣ, дар масҷиде дар Миср, ё дар як маҳфили қуръонӣ дар Ҳарами Мутаҳҳари Разавӣ, садое баланд шавад, ки ҷаҳонро мӯҳтаҷиб кунад. Шояд дар ҳамон ҷо, яке аз қориёни имрӯз, ки дар ин ҷашнвора иштирок мекунад, ба номи бузург дар дунёи тиловат табдил ёфта, ин рӯзҳоро ёд оварад; рӯзҳое, ки ӯ ҳанӯз навҷавон буд, кӯшиш мекард, ки аз устодонаш тақлид кунад ва намедонист, ки худ як рӯз устод хоҳад шуд.

جشنواره‌ای برای تولد منشاوی‌های آینده + عکس

جشنواره‌ای برای تولد منشاوی‌های آینده + عکس

جشنواره‌ای برای تولد منشاوی‌های آینده + عکس

https://iqna.ir/fa/news/4268012

captcha