Ба гузориши ИКНА, ҳамзамон бо маросими ташйиъи ҷанозаҳои шаҳидон Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва Сайид Ҳошим Сафйиддин дар Бейрут, маросими ташйиъи намоишии онҳо дар чанд кишвари дигар низ баргузор гардид.
Ироқ
Ҳазорон шаҳрванди ироқӣ имрӯз маросими ташйиъи намоишии ҷанозаҳои Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли шаҳид ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сайид Ҳошим Сафйиддинро гузарониданд.
Яман
Дар Яман низ маросими намоишии ташйиъи ҷанозаҳои шаҳидон Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли шаҳид ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сайид Ҳошим Сафйиддин, раиси шаҳиди Шӯрои иҷроии ҳизбуллоҳ дар Санъо, пойтахти ин кишвар баргузор шуд. Ин маросим дар масҷиди Ҷомеи Шаъб ва бо ҳузури густурдаи уламо ва шахсиятҳои сиёсию динӣ баргузор шуд.
Баҳрайн
Мардум дар Баҳрайн ҳам дар маросиме ба таври намоишии ҷанозаҳои шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли фақиди ҳизбуллоҳи Лубнонро ташйиъ карданд.
Покистон
Ба даъвати гурӯҳҳои мазҳабӣ-сиёсӣ дар шаҳри Искардо Пакистан, ки ба хотири ҳузури ҳамешагии мардум дар дастгирии ормонҳои исломӣ ҳамчун "Эрони хурд" маъруф аст, ҳазорон нафар аз мардум бо ҳузур дар чорабинии бузурги ба ёд овардани шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба ин раҳбари бузурги ҷабҳаи муқовимат эҳтиром гузоштанд. Ин маросим бо ҳузури ҳамаи қабилҳои мардум, аз ҷумла ҷавонон, рӯҳониён ва шахсиятҳои сиёсӣ баргузор шуд. Ҳамзамон бо Искардо дар даҳҳо шаҳри дигари Покистон, аз ҷумла Исломобод, Карочӣ, Лоҳур ва Квета низ маросимҳои ба ёд овардани шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ баргузор шуд.