IQNA

Оятуллоҳ Алӣ Саиди Шоҳрудӣ:

Қуръон ва итрат бояд дар садри раъси ҳукумати исломӣ қарор гиранд.

0:04 - February 26, 2025
рақами хабар: 2952
ИКНА - Раиси дафтари ақидатии сиёсии фармондеҳии кулли қувваҳо дар оини ихтитомияи нахустин даври мусобиқоти Қуръони Карими аъзои вобастаи нерӯҳои мусаллаҳ гуфт: раҳбарии исломӣ дар ҳақиқат омиле барои иҷроӣ шудани манвиёт ва дастуроти илоҳӣ дар Қуръон аст ва аз ин рӯ, ин ду сиқли акбар яъне Қуръон ва сиқли асғар яъне итрати Аҳли байт (Алайҳимуссалом) бояд дар садри ҳукумати исломӣ қарор гиранд.

Ба гузориши хабарнигории ИКНА, оини ихтитомияи нахустин даври мусобиқоти Қуръони Карими аъзои вобаста (бознишаста) нерӯҳои мусаллаҳ, субҳи рӯзи душанбе дар солини Кавсари созмони ақидатии сиёсии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Сарҳанги бознишаста Алӣ Айёз, нафари саввуми риштаи қироати ин даври мусобиқот, оёте аз Каломуллоҳи Маҷидро тиловат кард ва гурӯҳи мадҳиясароӣ, ибтиҳол ва ҳамхонии "Кавсар" фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба иҷрои қитаъоте ҳамроҳ бо ҳамхонии бахшҳое аз сураи муборакаи "Аҳзоб" пардохт.

Дар идома, оятуллоҳ Алӣ Саиди Шоҳрудӣ, раиси дафтари ақидатии сиёсии фармондеҳии кулли қувваҳо ба ирои суханронӣ пардохт ва гуфт: масъалаи муҳимме, ки ҷой дорад дар ин маҳфили қуръонӣ ба он ишора кунам, робитаи Қуръон бо раҳбари илоҳӣ аст, ки ба ин ҷиҳат бояд ба васиятномаи сиёсии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ишора шавад, ки ба назар мерасад, ишон бо ин васиятнома чашмандози равшанеро барои ояндаи башар тарсим карда бошанд.

Вай идома дод: ҳамаи шумо бо ин васиятнома, ки ба ҳадиси сақалайн машҳур аст, ошно ҳастед, ки фармуд: "إِنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ مَا إِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا بَعْدِي كِتَابَ اللَّهِ وَ عِتْرَتِي أَهْلَ بَيْتِي وَ إِنَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتَّى يَرِدَا عَلَيَّ الْحَوْضَ"; нақли машҳурест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар замони адои ин ҳадис, ду ангушти худро канори ҳам қарор додаанд, ба ин маъно, ки ин ду сақл яъне Қуръон ва итрати Аҳли байт (Алайҳимуссалом) аз якдигар ҷудонопазиранд. Бо ин вуҷуд, бояд гуфт, ки нақши ин ду рукн аз якдигар мутафовит аст, чаро ки аз Қуръон ба сақли акбар ва аз Аҳли байт (Алайҳимуссалом) ба сақли асғар ёд шудааст.

Оятуллоҳ Саидӣ тасреҳ кард: он чи ки равшан ва мусаҷҷал аст, ин ки Қуръон бузургтарин мавҷуди офариниш ва муқаддастарин махлуқи зоти борӣ таъоло аст; каломи холиқи ҳастӣ аст, ки дар ихтиёри башар қарор дода шудааст ва аз ин рӯ, ин китоби муқаддас дарбаргирандаи ҳама арзишҳои адён дар гузашта аст.

Оятуллоҳ Саидӣ бо таъкид бар ин ки мо бояд миёни Қуръон ва итрати Аҳли байт (Алайҳимуссалом) ба унвони улгуи дурусти раҳбарии ҷомеаи исломӣ пайванди мустаҳкам барқарор кунем, гуфт: Қуръон ва итрат бояд дар садри ҳукумати ҷомеаи исломӣ ва ҳукмронӣ бар он қарор гирад ва бояд дар заминаи замондории ҳукумати исломӣ раҷъате ба васиятномаи сиёсии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дошт.

Дар поён низ аз баргузидагони ин даври мусобиқот таҷлил ба амал омад.

https://iqna.ir/fa/news/4268044

captcha