IQNA

Маросими дафни шаҳид Сафйиддин дар Лубнон баргузор шуд + акс ва филм

0:10 - February 26, 2025
рақами хабар: 2954
ИКНА - Маросими дафни шаҳид Сайид Ҳошим Сафйиддин, дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз шаҳид Насруллоҳ дар ҳусайнияи "Дейр Қонун Ан-Наҳр"-и Лубнон баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Манор, дар ин маросим гурӯҳҳои сиёсӣ ва мардумӣ ҳузур ёфтаанд ва шайх Алӣ Даъмуш, ноиби раиси шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ низ ба намояндагӣ аз ин ҳизб, дар раъси ширкаткунандагон қарор дорад.

Пайкари шаҳид Сафйиддин дар ҳоли ҳозир ба ҳусайнияи Дейр Қонун Ан-Наҳр расидааст ва ҳайате тунисӣ низ бо ширкат дар ин маросим, шаҳодати ин раҳбари муқовиматро ба масъулони Ҳизбуллоҳ таслият гуфт.

Ин маросим дар бошгоҳи ҳусайнияи минтақаи Дейр Қонун Ан-Наҳр баргузор ва аз соати 10-и субҳи имрӯз то поёни маросим рафтуомад дар меҳварҳои мактаби Эйлит - Аббосия то Дейр Қонун Ан-Наҳр мамнӯъ шудааст.

Дар ҳамин росто, нерӯҳои амниятӣ дастурамалҳоеро ба манзури саҳулат дар рафтуомад ва ҷилавгирӣ аз издиҳом содир кардаанд ва аз шаҳрвандони лубнонӣ риояти онро хостор шуданд.

Пайкари шаҳид Сафйиддин рӯзи гузашта дар канори пайкари шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими бисёр бошукӯҳе аз шаҳраки варзишии "Камил Шаъмун" то маҳалли хоксупории шаҳид Насруллоҳ дар Байрут ташйиъ шуд.

Дар ин маросими бошукӯҳ, ба ҷуз мушорикати садҳо ҳазор азодор аз манотиқи мухталифи Лубнон, мақомоти ин кишвар дар канори меҳмонони хориҷӣ ва масъулони соири кишварҳо, сарон ва намояндагони аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ ҳузур доштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

код

https://iqna.ir/fa/news/4268079

captcha