IQNA

Дуввумин конгресси байналмилалии ҳалол дар Макка оғоз ба кор кард

20:15 - February 26, 2025
рақами хабар: 2955
ИКНА - Дуввумин даври Конгресси ҳалоли Макка бо ҳузури фаолони 15 кишвар дар Маркази намоишгоҳҳо ва рӯйдодҳои ин шаҳр оғоз гардид.

Ба гузориши ИКНА, иқтибос аз хабаргузории Арабистон, дуввумин даври Конгресси ҳалоли Макка 2025 аз рӯзи гузашта дар Маркази намоишгоҳҳо ва рӯйдодҳои Макка оғоз шуд.

Ин ҳамоиш бо шиори «Рушди устувор тавассути саноати ҳалол» аз 25 то 27 феврал дар Маркази конфронсҳо ва намоишгоҳи Палатаи бозаргонӣ ва саноати Макка баргузор мешавад.

Хабаргузории давлатии Арабистон гузориш дод, ки дар маросими ифтитоҳ, суханронҳо роҳҳои тақвияти истеҳсолотро барои ҳимоят аз равишҳои устувори ҳалол, таҳкими ҳамкорӣ ва тарвиҷи устуворӣ бо ҳадафи ҳифзи муҳит ва коҳиши олудагӣ баррасӣ карданд.

Ин маҷмаъ заминаеро барои намоиши маҳсулот ба сармоягузорон ва истеъмолгарон тавассути намоишгоҳҳои интерактивӣ, коргоҳҳои тахассусӣ ва барномаҳои зиндаи ошпазии ҳалол фароҳам меорад. Ҳамчунин, имкониятҳои беназиреро барои ширкатҳо муҳайё месозад, то қувватҳои худро ба намоиш гузоранд ва мустақиман бо бозорҳои ҳадаф тамос гиранд.

Ин маҷмаъ ҳамчунин иборат аз панелҳои тахассусӣ дар бораи меъёрҳои ҳалол, фанновариҳои пешрафта ва ояндаи саноати молии исломӣ мебошад. Инчунин, коргоҳҳои интерактивие барои кӯмак ба соҳибкорон ҷиҳати мутобиқ шудан ба муқаррароти ҷаҳонӣ баргузор мегарданд.

Ин ҳамоиш бо ҷалби соҳибкорон, сармоягузорон, ниҳодҳои назоратӣ ва коршиносони байналмилалӣ, бо ҳадафи баррасии равандҳои ҷадид дар ин бахши рӯ ба рушд ва таъкиди имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории мавҷуд, талош дорад нақши Арабистони Саудиро ҳамчун қутби ҷаҳонии саноати ҳалол таҳким бахшад.

Ин конгресс, ки аз сӯйи Палатаи бозаргонии Макка баргузор мегардад, бо сиёсатҳои стратегии Арабистони Саудӣ дар мавриди саноати ҳалол ва дар чорчӯби Дидгоҳи 2030-и ин кишвар ҳамоҳанг буда, ба истифода аз фанновариҳои муосир, монанди блокчейн ва зеҳни сунъӣ, барои таъмини шаффофият ва самаранокӣ дар равандҳои эътиборбахшии маҳсулоти ҳалол нигаронида шудааст.

Дар ҳамоиши имсола беш аз 150 ғарфадор (стенддор) аз 15 кишвар бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва густариши шарикатиҳои ҷаҳонӣ ҳузур доранд.

Ширкатдорони ин ҳамоиш шомили ниҳодҳои мӯътабари байналмилалӣ, аз ҷумла Муассисаи меъёр ва андозашиносии кишварҳои исломӣ (SMIIC), Идораи рушди исломии Малайзия (JAKIM) ва Агентии таъмини маҳсулоти ҳалоли Индонезия (BPJPH) мебошанд.

https://iqna.ir/fa/news/4268422

captcha