Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистон (ВАС), Девони олии Арабистони Саудӣ аз ҳамаи мусулмонон даъват намуд, ки дар шоми имрӯз, ҷумъа, 29-уми шаъбони соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ, ки мутобиқ ба 28-уми феврали соли 2025 мелодӣ мебошад, барои мушоҳидаи ҳилоли моҳи мубораки Рамазон кӯшиш намоянд.
Девони олии ин кишвар аз онҳое, ки ҳилолро бо чашми ғайримусаллаҳ ё бо дурбин мушоҳида мекунанд, хоҳиш кард, ки ин мушоҳидаи худро ба наздиктарин маркази марбут гузориш диҳанд, то дар сабти шаҳодат мусоидат шавад.
Ин ниҳоди расмии саудӣ ҳамчунин аз афроди тавоно дар мушоҳидаи ҳилоли моҳ даъват ба амал овард, ки дар кумитаҳои истиҳол (мушоҳидаи ҳилол) ширкат кунанд, то дар савоби ин амр шарик бошанд, зеро ин ҳамкорӣ дар роҳи хайр ва тақво ва ба манфиати ҳамаи мусулмонон аст.
Дар кишвари мо, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо таваҷҷуҳ ба оғози истиҳол (мушоҳидаи ҳилол) дар шоми ҷумъа, 29-уми шаъбони муъаззам, агар ҳилоли моҳ дар шоми ҷумъа, мушоҳида шавад, моҳи шаъбони 1446, 29-рӯза хоҳад буд ва рӯзи шанбе, аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон хоҳад буд. Аммо агар мувофиқи тақвими 1403 ҳилоли моҳ дар шоми ҷумъа мушоҳида нашавад, шаъбони 1446, 30-рӯза хоҳад шуд ва якшанбе, рӯзи аввали моҳи Рамазон хоҳад буд.