IQNA

Маърака 200-миллиондолларии Индонезия барои кӯмак ба Ғазза дар моҳи Рамазон

17:53 - February 28, 2025
рақами хабар: 2966
ИКНА - Давлати Индонезия бо ҳамкории муассисаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ як маърака бо унвони «Ҳамбастагӣ, ҳамкории воқеӣ ва умеди нав» барои ҷамоварии зиёда аз 200 миллион доллар дар моҳи шарифи Рамазон бо ҳадафи кӯмак ба Фаластин, бахусус Ғазза ва бозсозии ин минтақа роҳандозӣ кардааст.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, Анис Матӣ, муовини вазири хориҷаи Индонезия дар умури ҷаҳони Ислом, таъкид кард, ки кишвараш бо беш аз 270 миллион нафар бузургтарин кишвари мусулмоннишин аз лиҳози ҷамъият буда, барои таҳкими дипломасияи башардӯстона дар ҳимоят аз Фаластин талош мекунад.

Индонезия дар канори Туркия ва Арабистони Саудӣ яке аз се кишвари мусулмони ҳозир дар 20 иқтисоди беҳтарини ҷаҳон маҳсуб мешавад ва интизор меравад, ки дар даҳсолаҳои оянда ба яке аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Матӣ афзуд, ки кумакҳои мардумони Индонезия ба Фаластин як вазифаи инсонӣ, динӣ ва ҳатто як ӯҳдадории қонунии сабтшуда дар Конститутсияи Индонезия маҳсуб мешавад.

Ин ҳимоя ҳамчунин яке аз авлавиятҳои Пробово Субянто, раисиҷумҳури нави Индонезия мебошад, ки аз замони ба қудрат расиданаш дар октябри 2023 бар тааҳҳуди кишвараш ба масоили Фаластин таъкид кардааст.

Ин маърака, ки дар Вазорати умури хориҷаи Индонезия дар Ҷакарта оғоз шудааст, талош мекунад, то кӯмакҳои башардӯстонаро ба таври муттаҳид ва ҳамоҳанг пеш барад.

Даҳҳо ташкилоти ғайридавлатии индонезиягӣ, инчунин муассисаҳои расмии динӣ дар ин тарҳ иштирок доранд.

Дар ҳамин ҳол, Зайнул Баҳр, намояндаи созмони закоти давлатии Индонезия, эълом кард, ки ин созмон 350 миллиард рупия (муодили 21,8 миллион доллар) барои бозсозии Ғазза ҷамъоварӣ кардааст.

Сударното Абдулҳаким, намояндаи Шӯрои уламои Индонезия, дар маросими оғози маърака таъкид кард, ки ҳимоят аз Фаластин на танҳо як тааҳҳуди исломӣ ва инсонӣ, балки ниёзманди ҳамкории густурда байни муассисаҳои расмӣ ва мардумӣ мебошад.

Ҳамчунин, Абдулқодир Ҷилонӣ, мудири умури Осиё, Уқёнусия ва Африқо дар Вазорати умури хориҷаи Индонезия, изҳор дошт, ки бӯҳрони инсонӣ дар Ғазза ба сатҳи ғайри қобили тасаввур расидааст ва ҳадафи ин маърака, таъмини кӯмакҳои фаврӣ ва ҳамоҳанг барои мардуми Фаластин мебошад.

https://iqna.ir/fa/news/4268596

captcha