IQNA

Тарҳи Арабистон барои тақсими беш аз як миллион нусхаи Қуръон дар ҷаҳон

17:55 - February 28, 2025
рақами хабар: 2967
ИКНА - Арабистони Саудӣ ба муносибати моҳи мубораки Рамазон як миллион ва дусад ҳазор нусхаи Қуръон ва тарҷумаҳои онро дар 79 забон ба марказҳои исломӣ ва фарҳангӣ, инчунин дафтарҳои марказҳои динӣ дар сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон тақсим хоҳад кард.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз news.elsob7, Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, бо ин иқдом розигӣ додааст.

Ин тасмим дар чорчӯби тарҳи «Тӯҳфаи Қуръон» (Тӯҳфаи ходими Ҳарамайни Шарифайн) амалӣ мешавад, ки масъулияти инҷом ва иҷрои он бар дӯши Вазорати умури исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистони Саудӣ мебошад.

Ин тарҳ дар моҳи Рамазони соли 1446 ҳиҷрӣ амалӣ хоҳад шуд ва нусхаҳои Қуръон дар 45 кишвари ҷаҳон дар ихтиёри мусулмонон қарор дода мешаванд.

Ба ҳамин далел, вазири умури исломии Арабистони Саудӣ Маҷмаи чоп ва нашри Қуръон «Малик Фаҳд»-ро, ки дар Мадинаи Мунаввара воқеъ аст, вазифадор кардааст, то теъдоди нашри нусхаҳои Қуръон ва тарҷумаҳои онро афзоиш диҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4268492

captcha