Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Имороту-л-Явм", Шӯрои фатвои Иморот изҳор дошт, ки ҳамчун аввалин кишвари ҷаҳон барои дидани ҳилоли моҳи Рамазон аз дрон истифода кардааст.
Ба гуфтаи ин шӯро, паҳподҳо бо фанноварии зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Ин шӯро таъкид кард, ки ин мушоҳида дар баробари дидани ҳилол бо чашми ғайримусаллаҳ анҷом мешавад ва расадхонаҳои нуҷумӣ дар саросари кишвар бо беҳтарин таҷҳизот ва василаҳои пешрафта кор мекунанд, то аз дурустии дидани ҳилол мутмаин шаванд. Ҳамчунин, натиҷаҳо ва додаҳои илмии тасдиқшуда дар раванди расади ҳилол бо ҳамоҳангии ниҳодҳои махсуси расад ва ҳамкорӣ бо Маркази миллии омӯзишҳо баррасӣ мешаванд.
Маркази байналмилалии нуҷум дар Иморот пешбинӣ карда буд, ки эҳтимолан моҳи Рамазон аз рӯзи шанбе, 1 март оғоз мешавад.
Подшоҳии Арабистони Саудӣ эълом кард, ки ҳилоли моҳи Рамазон дар расадхонаи минтақаи Садир ва расадхонаи Тамир дар шоми ҷумъа мушоҳида шудааст ва рӯзи шанбе, аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар хоҳад буд.
Шуморе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, аз ҷумла Миср, Қатар, Иморот, Баҳрайн, Кувайт, Умон, Лубнон, Марокаш, Фаластин, Тунис, Мавритания, Индонезия ва Малайзия низ рӯзи шанберо ҳамчун рӯзи аввалини моҳи мубораки Рамазон эълом карданд.
Бар асоси гузоришҳо, эҳтимолан шумораи дигаре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, аз ҷумла Эрон, рӯзи якшанбе, моҳи мубораки Рамазонро оғоз хоҳанд кард.
Созмони федералии манобеи инсонии ҳукумати Иморот пештар соатҳои кории расмии кормандони бахши давлатиро дар давоми моҳи Рамазон эълом карда буд. Бар асоси ин қарор, соатҳои кории идораҳо дар моҳи шарифи Рамазон аз соати 9 субҳ то 14:30 хоҳад буд. Барои кормандони бахши хусусӣ низ соатҳои кории рӯзона дар ин моҳи муборак ду соат коҳиш меёбад.