Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Халиҷ Таймз", Имороти Муттаҳидаи Араб "Ҷоизаи байналмилалии қуръонии Иморот"-ро таҳти ҳимояти Шайх Муҳаммад, ҳокими Иморот, дар Абу Забӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
Идораи кулли умури исломӣ, авқоф ва закот эълом кард, ки тақрибан 20 нафар аз уламои динӣ аз кишварҳои мухталиф дар чорчӯби "Барномаи меҳмонони раиси Иморот" дар моҳи Рамазон меҳмондорӣ хоҳанд шуд.
Умар Ҳабтур Ад-Дареӣ, раиси идораи кулли умури исломӣ ва авқофи Иморот, дар нишасти хабарие, ки дар қароргоҳи ин ниҳод дар Абу Забӣ баргузор шуд, изҳор дошт, ки ин ҷоиза дорои се шоха аст: нафароти бартари байналмилалӣ, ғолибони дохилӣ ва шахсияти қуръонии Иморот.
Вай афзуд: Ҳамчунин аз нафароти бартари мусобиқоти қуръонӣ дар саросари ҷаҳон дар соли 2024 қадрдонӣ хоҳад шуд.
Барномаи Рамазон барои уламои меҳмон тамоми Иморотро фаро мегирад ва суханрониҳои мазҳабӣ, шабҳои Рамазон, ҳамоишҳои динӣ ва барномаҳои хайриявиро дар бар мегирад.
Ад-Дареӣ идома дод: Барномаи имсола бар панҷ меҳвар устувор аст, ки меҳвари аввал омодагӣ барои ироаи беҳтарин хидматҳо дар масоҷид ва тавонмандсозии онҳо барои иҷрои рисолати худ дар ҷомеа мебошад.
Дар ҳамин замина, даври дуюми барномаи "Масоҷид, сипари имони мо" дар моҳи Шаъбон роҳандозӣ шуд, ки дар ҷараёни он ҳазорҳо ҷаласа дар бораи маърифати динӣ дар сатҳи масоҷиди кишвар тавассути барномаҳо ва нашрияҳои чопшуда аз ҷониби Вазорати авқоф иҷро шуд.
Вай таъкид кард, ки ин ниҳод ҳамчунин барномаи илмии пурбореро барои кормандони масоҷид иҷро кардааст, то онҳоро бо аҳкоми рӯза ошно созад.
Ҳабтур Ад-Дареӣ инчунин аз бархе тарҳҳои марбут ба масоҷид дар соли ҷорӣ хабар дод, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба кампанияи "Дар масҷидҳои худ дарахт мешинонем", ифтитоҳи 54 масҷид дар манотиқи мухталифи кишвар ва таъмиру нигаҳдории 152 масҷид ишора кард.
Вай афзуд: Дар моҳи Рамазон "Нишасти арзишҳои ҷомеа дар оятҳои қуръонӣ" бо шиори "Арзишҳои ҷомеа ва дидгоҳҳои тамаддунӣ" баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, Радиои Қуръон бо оғоз шудани моҳи мубораки Рамазон барномаи "Қироати Қуръон бо овози қориёни иморотӣ"-ро пахш хоҳад кард.