Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии Қуръони Карим аз 5 то 16-уми март дар Масҷиди Ҷомеъи Теҳрон баргузор мешавад. Ҳамзамон, бахши байналмилалии ин намоишгоҳ низ аз рӯзи нахуст оғоз гардида, дар давоми як ҳафта идома хоҳад кард. Ҳуҷҷатул-ислом ва-л-муслимин Сайид Мустафо Ҳусайнӣ Найшобурӣ, раиси Маркази байналмилалии Қуръон ва таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, мудири бахши байналмилалии намоишгоҳ мебошад.
Ҳуҷҷатул-ислом Ҳусайнӣ Найшобурӣ дар мусоҳиба бо ИКНА изҳор дошт, ки ба далели маҳдудиятҳои мавҷуд дар Масҷиди Ҷомеъ, имсол беш аз 15 кишвар наметавонанд дар ин рӯйдод ширкат варзанд. Ӯ афзуд: "Мо кӯшиш кардем, ки кишварҳои дорои зарфият дар соҳаи ҳунар ва андешаҳои қуръонӣ даъват шаванд. Ҳоло раванди шиносоии зарфиятҳо ва даъвати кишварҳо идома дорад. Ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ осори қуръониро дар соҳаҳои табъу нашр, ҳунар ва фанноварӣ муаррифӣ хоҳанд кард."
Мудири бахши байналмилалӣ афзуд: "Имсол кӯшиш кардем, ки гуногунрангии осорро дар назар гирем." Барои ин, гурӯҳи коршиносон осори пешниҳодшударо, ки аз тариқи сафоратҳо ва намояндагиҳои фарҳангии Эрон аз кишварҳои гуногун фиристода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд ва беҳтарин осор интихоб шуданд.
Ӯ дар идома гуфт: "Мо бахши намоишгоҳи ҳунарӣ хоҳем дошт, ки дар он ҳунарҳои марбут ба Қуръони Карим, аз ҷумла хаттотӣ, наққошӣ ва тарроҳии хос намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин, муаррифии фаъолияти муассисаҳои қуръонии хориҷӣ низ дар назар гирифта шудааст. Аз ин рӯ, нишастҳои тахассусӣ баргузор хоҳанд шуд, то муассисаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо ҳамдигар шинос шаванд ва ҳамкориҳои бештаре шакл гиранд."
Ҳуҷҷатул-ислом Ҳусайнӣ Найшобурӣ таъкид кард: "Муаррифӣ ва тавзеҳи андешаҳои қуръонии имомайни Инқилоб – ҳазрати Имом Хумайнӣ (рҳ) ва Оятуллоҳид улузмо Хоманаӣ (мзл) – яке аз барномаҳои муҳими бахши байналмилалии намоишгоҳ хоҳад буд. Мо шахсияти қуръонии Имом (рҳ) ва Раҳбарро бештар ба ҷаҳониён, махсусан ҷаҳони Ислом, муаррифӣ хоҳем кард. Зеро андешаҳои ишон, ки сабаби таъсис ва идомаи Инқилоб шуданд, маҳз баргирифта аз таълимоти қуръонӣ мебошанд."
Ӯ дар идома илова кард: "Имсол тибёни мантиқи қуръонии муқовимат низ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Бо баргузории нишастҳои байналмилалии гуногун, паҳлуҳои мухталифи мантиқи муқовимати қуръонӣ шарҳ дода хоҳанд шуд. Ин масъала, ки имрӯз ниёзи ҷиддӣ ба он вуҷуд дорад, бояд дар чаҳорчӯби мубоҳисоти илмӣ ва тахассусӣ баррасӣ гардад, ки инро дар бахши байналмилалии намоишгоҳ амалӣ хоҳем кард."
Ҳуҷҷатул-ислом Ҳусайнӣ Найшобурӣ аз баргузории даври сеюми нишасти байналмилалии қуръонӣ дар бахши байналмилалии намоишгоҳ хабар дода, гуфт: "Ҳадафи ин нишаст, баррасии ташкили Парлумони Қуръонии Ҷаҳони Ислом мебошад, ки пешниҳодаш аз ҷониби Эрон сурат гирифтааст. Мо тавассути баҳсу баррасиҳо, барои расидан ба ваҳдат ва тақриб бар меҳвари Қуръон талош хоҳем кард."
Мудири бахши байналмилалӣ дар поён таъкид кард: "Имсол мо барои муаррифии ҳамаҷонибаи зарфиятҳои намоишгоҳ дар хориҷ аз кишвар барномаи махсус дорем. Ҳамчунин, он афродеро, ки тавассути Қуръон ва тарҷумаи он ҳидоят шудаанд, муаррифӣ хоҳем кард.
Инчунин, рӯнамоиҳо аз тарҷумаҳои гуногуни Қуръон ба забонҳои мухталиф ва осори барҷастаи қуръонӣ низ дар назар гирифта шудааст.
Дар ниҳоят, пайвастсозии зарфиятҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва тамрин кардани шакле аз дипломатияи қуръонӣ аз дигар барномаҳои бахши байналмилалии намоишгоҳ хоҳад буд."