IQNA

Иштироки 22 кишвар дар мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ "Ҷоизаи Ал-Амид" дар Карбало

20:24 - March 03, 2025
рақами хабар: 2984
ИКНА - Даври дуюми мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръон бо номи "Ҷоизаи Ал-Амид" ҳамзамон бо оғози моҳи Рамазон дар шаҳри Карбало бо ширкати 22 кишвар оғоз ёфт.

Ба гузориши ИКНА, нақл аз "Ал-Кафил", ин мусобиқот бо ибтикори остони Аббосӣ дар ду гурӯҳ – ҷавонон ва бузургсолон – баргузор гардид, ки дар он 10 нафар аз гурӯҳи ҷавонон ва 30 нафар аз гурӯҳи бузургсолон ширкат доранд.

Қориён аз кишварҳои арабӣ, осиёӣ ва африқоӣ дар ин рӯйдод ҳузур доранд, ки аз ҷумла кишварҳои ширкаткунанда метавонанд Миср, Эрон, Индонезия, Афғонистон, Малайзия, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустонро ном бурд.

Ало Ал-Мусавӣ, муовини раиси Маҷмаи илмии қуръонии остони Аббосӣ, дар ин бора изҳор дошт: "Даври дуюми мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръон "Ҷоизаи Ал-Аъмид" шоҳиди ҳузури 10 нафар дар гурӯҳи ҷавонон буда, намояндагони Ироқ ва ҳафт кишвари дигар дар он ширкат доранд."

Вай афзуд: "Кумитаи байналмилалии мусобиқот бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ ин рақобатҳоро назорат мекунад, ки ҳамзамон бо фарорасии моҳи Рамазон оғоз гардидааст."

Ал-Мусавӣ таъкид кард, ки кумитаи олии мусобиқот қоидаҳо ва шароити махсусеро барои қабули ширкаткунандагон эълон кардааст, ки мутобиқ ба синну сол ва сатҳи тавоноии онҳо мебошад.

Гуфтанист, мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръон "Ҷоизаи Ал-Аъмид" аз фаъолиятҳои остони муқаддаси Аббосӣ дар ростои густариши фарҳанги қуръонӣ мебошад, ки соли гузашта нахустин даври он дар моҳи Рамазон бо ширкати 21 кишвар баргузор гардид.

https://iqna.ir/fa/news/4269384

captcha