IQNA

Мумониати режими саҳюнистӣ барои эътикофи намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидул-Ақсо

20:32 - March 07, 2025
рақами хабар: 3002
ИКНА - Низомиёни режими саҳюнистӣ шомгоҳи панҷшанбе пас аз адои намози таровеҳ ба намозгузорони фаластинӣ ҳамла карда, онҳоро ба зӯрӣ аз масҷид берун намуданд ва аз эътикофи онҳо дар дохили ин масҷид ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, Зиёд Абҳис, пажӯҳишгари масоили Қудс, таъкид кард, ки ҷилавгирии режими саҳюнистӣ аз эътикофи намозгузорони фаластинӣ дар дохили Масҷидул-Ақсо як иқдоми хилофи равиши маъмул аст, зеро қаблан иҷозати эътикоф дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дода мешуд.

Вай афзуд: низомиёни саҳюнист аз монеъ шудан ё иҷозат додан ба эътикоф ҳамчун абзоре барои таҳмили ҳокимият ва тасаллути худ бар Масҷидул-Ақсо истифода мебаранд. Дар соли 2015, дар тамоми рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон эътикоф дар ин масҷид иҷозат дода шуда буд, зеро сиёсати маҳдудият ва фишори режими саҳюнистӣ дар соли 2014 боис ба оташ задани маркази пулис дар хилватгоҳи Ҷанбалотӣ дар саҳни масҷиди Сахра гардида буд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки 85 ҳазор фаластинӣ намозҳои хуфтан ва таровеҳи рӯзи шашуми моҳи мубораки Рамазонро дар саҳни масҷиди мубораки Ақсо адо карданд. Ин дар ҳолест, ки низомиёни режими саҳюнистӣ тадобири шадиди амниятиро барои вуруд ба шаҳри Қудс ва масҷиди мубораки Ақсо ҷорӣ намуда буданд.

Идораи авқофи исломӣ дар Қудс эълом кард, ки беш аз 80 ҳазор намозгузор шомгоҳи панҷшанбе намозҳои хуфтан ва таровеҳро дар саҳни масҷиди мубораки Ақсо адо карданд, ки бештари онҳо аз аҳолии Қудси ишғолшуда ва заминҳои ишғолшудаи соли 1948 буданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон шумори зиёди нерӯҳои худро дар шаҳри ишғолшудаи Қудс ва гирду атрофи масҷиди мубораки Ақсо мустақар кардааст, то аз ҳузури намозгузорони фаластинӣ дар ин масҷид ҷилавгирӣ кунад.

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос низ ба навбаи худ, хостори истифода аз тамоми зарфиятҳо дар ин моҳи муборак ва ҳузури густурда дар Масҷидул-Ақсо ва эътикоф дар он шуд, то шабҳо ва рӯзҳои ин моҳи муборак барои ибодат, ҳимоят аз Масҷидул-Ақсо ва муқовимат алайҳи душмани саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони саҳюнистӣ истифода шавад.

ممانعت رژیم صهیونیستی از اعتکاف نمازگزاران فلسطینی در مسجدالاقصی

https://iqna.ir/fa/news/4270236

captcha