Ба гузориши хабарнигори ИКНА, Абубакр Шабанович, муфтии Беларус, рӯзи 16 исфандмоҳ дар нишасти «Маҷлиси қуръонии ҷаҳони Ислом; стратегияе муассир барои таҳаққуқи уммати воҳида», ки дар чорчӯби барномаҳои бахши байналмилалии 32-умин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръон дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Теҳрон баргузор шуд, паёме ироа карда, изҳор дошт:
Ман, муфтии мусулмонони Ҷумҳурии Беларус, Абубакр Шабанович, бо сидқ ва самимият моҳи мубораки Рамазонро ба шумо, бародарону хоҳарони азиз, табрик мегӯям ва барои шумо ва тамоми мусулмонони ҷаҳон сулҳ, оромиш, фазилат ва ҳамаи некиҳое, ки ҳар яки мо ба он ниёз дорем, орзу менамоям.
Ман бисёр хушнуд ҳастам, ки ин паёмро ба шумо мерасонам, зеро шумо корҳои зиёде барои густариши донишҳои Қуръони Карим ва таблиғи он миёни тамоми мардумони ҷаҳон анҷом медиҳед. Мо низ дар кишвари дунявии Беларус аз намунаи шумо пайравӣ мекунем.
Дар сатҳи миллӣ дар Беларус мусобиқоти қориёни Қуръонро миёни кӯдакон, ҷавонон ва бузургсолон баргузор мекунем.
Матни Қуръон дар ихтиёри мост ва зери ҳар сатр тарҷумаи он оварда шудааст. Ин тарҷума ба хатти арабӣ навишта шуда, вале ба забонҳои белорусӣ, лаҳистонӣ ва русӣ мебошад, зеро Беларус дар давраҳои гуногун зери ҳокимияти ин кишварҳо қарор доштааст.
Дар сатҳи муосир, мо бо ҳамкории мутахассисони динӣ аз Тотористон, Қуръони Каримро ба забони русӣ тарҷума кардем ва онро барои дарки мусулмонони Беларус мутобиқ сохтем. Ин Қуръони Карим, ки дар дасти ман аст, ба забони белорусӣ тарҷума шудааст.
Ин тарҷума ба тозагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз сӯи шӯрои илмӣ таъйид шудааст ва Иншоаллоҳ то поёни соли ҷорӣ нашр хоҳад шуд. Қуръони Карим ба забони белорусӣ на танҳо барои мусулмонони Беларус, балки барои хонандагони ғайримусулмон низ дастрас хоҳад буд.