IQNA

Саҳархезӣ ва ҷашни нузули Қуръон; аз расмҳои рамазонии мусулмонон дар Индонезия

15:42 - March 10, 2025
рақами хабар: 3019
ИКНА - Аз ҷумлаи расмҳои моҳи мубораки Рамазон дар Индонезия, саҳархезии рӯзадорон аст, ки бо садои табли саҳарӣ бедор мешаванд. Маросиме низ барои бузургдошти нузули Қуръон дар қасри раёсатҷумҳурии ин кишвар баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи кувейтии "Ас-Сабоҳ", ҳар кишвар дар маросимоти гуногун одобу расму русуми вижаи худро дорад, ки бо кишварҳои дигар фарқ мекунад; аз ҷумлаи ин мавридҳо, ҷашни оғози моҳи мубораки Рамазон аст, ки мусулмонони тамоми ҷаҳон ҳар сол интизори фаро расидани ин моҳи азим ҳастанд.

Шумори аҳолии Индонезия тақрибан 298 миллион нафар аст, ки тахминан 86 дарсади онҳоро мусулмонон ва боқимондаро масеҳиён, ҳиндуҳо ва будоиҳо ташкил медиҳанд.

Моҳи Рамазон дар ин кишвар бо руъяти ҳилол оғоз мешавад. Аммо гуфта мешавад, ки теъдоди ками мардум дар ин кишвар истеҳлоли моҳи Рамазонро анҷом медиҳанд ва аксарияти онҳо ба хабарҳои расонаҳо иктифо мекунанд. Баъзеҳо низ аз Арабистони Саудӣ дар эъломи оғози моҳи мубораки Рамазон пайравӣ карда, мувофиқи уфуқи Арабистон рӯза мегиранд ва ифтор мекунанд.

Русуми мусулмонони Индонезия ҳангоми ифтор

Яке аз одатҳои мусулмонони Индонезия дар ифторҳои моҳи шарифи Рамазон ин аст, ки пеш аз азони мағриб дар масҷидҳо ҷамъ мешаванд ва ғизои ифториро аз хона оварда, дар канори ҳам дар масҷид сарф мекунанд. Ҳамаи мардум аз сарватманду фақир ва кӯчаку бузург барои ифтор дар канори якдигар менишинанд ва баъд аз ифтор низ намози ҷамоати магрибро барпо мекунанд.

"Абҳам" машҳуртарин ғизои Рамазон

Яке аз машҳуртарин ғизоҳои рамазонӣ, ки мусулмонони Индонезия ҳангоми ифтор мехӯранд, "Абҳам" аст, ки як навъ ширинӣ монанди кекс мебошад ва ҳамроҳ бо он хурмо низ пешкаш мешавад. Аз дигар хӯрокҳои рамазонии ин кишвар биринҷ бо сабзавот, мурғ ва гӯшт аст. Ширинии машҳуртарини онҳо дар ин моҳ "Кӯлак" ном дорад, ки бо хурмо пешкаш мешавад.

Дарсҳои динӣ ва маҳфилҳои қуръонӣ

Дарсҳои динӣ ва маҳфилҳои қуръонӣ аз ибтидо то охири моҳи Рамазон дар Индонезия фаъол мебошанд ва масҷидҳо шоҳиди ҷамъомади зиёди намозгузорон ва толибилмони улумҳои динӣ ҳастанд.

Намози Таровеҳ

Дар баъзе аз масҷидҳои Индонезия намози таровеҳ ҳар шаби моҳи Рамазон 8 ракъат ва дар баъзе дигар 20 ракъат баргузор мешавад. Ин масҷидҳо худро вазифадор намедонанд, ки Қуръонро пурра дар намози таровеҳ бихонанд, балки ҳар миқдор аз Қуръонро, ки муяссар аст, мехонанд ва гоҳе низ миёни намоз суханронӣ ё дарсҳои динӣ пешниҳод мешавад.

Аксарияти масҷидҳо маъмулан миёни ҳар ду ракъати намози таровеҳ зикрҳое монанди салавот бар Паёмбар (с) ва дуо мехонанд.

Занони индонезӣ низ дар намози таровеҳ ширкат мекунанд ва аз паси пардае, ки дар қисмати ақибии масҷид гузошта шудааст, намози таровеҳро адо мекунанд.

Бузургдошти нузули Қуръон

Дар моҳи мубораки Рамазон маросими вижаи бузургдошти нузули Қуръони Карим дар қасри раёсатҷумҳурии Индонезия баргузор мешавад. Ин маросим дар тӯли моҳи муборак идома дорад ва радио ва телевизиони ин кишвар дар пахши маросими эҳёи шабҳои моҳи мубораки Рамазон ширкат доранд.

Оштӣ додани тарафҳои муноқиша

Яке аз суннатҳое, ки миёни мусулмонони ин кишвар вуҷуд дорад, ин аст, ки мусулмонон аз фурсатҳои моҳи мубораки Рамазон барои оштӣ додани тарафҳои муноқиша истифода бурда, ихтилофот ва мушкилоти байни якдигарро ҳал мекунанд.

Таътилкардани мактабҳо дар моҳи шарифи Рамазон

Яке дигар аз одобу расумҳои моҳи Рамазон дар Индонезия ин аст, ки баъзе мактабҳо тамоми моҳи Рамазонро ба донишомӯзон таътилӣ медиҳанд, то ба ибодат бипардозанд.

Коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар моҳи Рамазон

Аз ҷумла хусусиятҳои ин моҳ дар Индонезия коҳиши мизони ҷиноятҳо дар сатҳи ҷомеа аст ва муртакиби гуноҳон бо таваҷҷуҳ ба қудсияти ин моҳ коҳиш меёбад.

Шаби Қадр

Мусулмонони Индонезия дар даҳаи охири моҳи Рамазон маросими шабҳои Қадрро баргузор мекунанд ва бовар доранд, ки Шаби Қадр яке аз шабҳои даҳаи охири ин моҳ аст.

Шаби иди Фитр

Дар шаби иди Фитр, мусулмонони Индонезия ба кӯчаҳо мебароянд ва бо мошинҳои худ ё ба таври пиёда дар кӯчаҳо мегарданд ва ба сурати дастҷамъӣ такбир мегуянд. Садои таблҳо низ ин такбирҳоро ҳамроҳӣ мекунад ва баъзеҳо барои нишон додани шодии ид бо созҳои мусиқӣ навоҳо менавозанд.

https://iqna.ir/fa/news/4269117

captcha