Ба гузориши ИКНА, мусобиқоти «Вараттил» вижаи тартили Қуръон аст ва ҳашт қорӣ ба марҳалаи ниҳоии ин рақобат роҳ ёфтаанд, ки иборатанд аз: Солеҳ Дағоғила аз Эрон, Маҳмуди Сайид Абдуллоҳ аз Миср, Абдулҷаббор Шуайб аз Марокаш, Муҳаммад Сахизода аз Афғонистон, Расул Бахшӣ аз Эрон, Алӣ Муҳаммад Аз-Зубайдӣ аз Ироқ, Муҳаммад Залиф Атия аз Ироқ ва Ёсин Саид Аал-Сайид аз Миср.
Шайх Муҳаммад Алӣ Ҷобин; довари савт аз Миср, Сайид Ҳилол Маъсумӣ; устоди лаҳн аз Афғонистон, Ҳайдар Ал-Козимӣ; устоди вақф ва ибтидо аз Ироқ ва Сайид Маҳдии Сайф; довари таҷвид аз студияи Сақалайн ба унвони аъзои кумитаи доварӣ бар ин рақобатҳо назорат доранд.
Аҳмад Наҷаф, қорӣ ва фаъоли расонаӣ иҷрои ин барномаро бар уҳда дорад ва ин мусобиқот ҳар рӯз соати 20:30 ба вақти Макка аз шабакаи Сақалайн пахш мешавад ва то поёни моҳи Рамазон идома дорад.
Кумитаи баргузорандаи мусобиқот эълон кард, ки ин мусобиқот дар навъи худ, нахустин рӯйдоди қуръонӣ дар ҷаҳони Ислом аст, ки ба сурати тахассусӣ ба қироати тартиб мепардозад ва беш аз 200 ширкаткунандаи мусобиқот аз кишварҳои мухталифи Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Лотин ва Ҷанубу Шарқи Осиё дар ин мусобиқот ҳузур доранд.
Шабакаи моҳвораии Сақалайн дар моҳи шарифи Рамазони соли 2008 мелодӣ ба забони арабӣ роҳандозӣ шуд.