IQNA

Баргузории ҷаласаи байналмилалии тиловат бо ҳузури доварони «Маҳфил» дар Намоишгоҳи Қуръон + акс

23:01 - March 14, 2025
рақами хабар: 3039
ИКНА - Маҳфили байналмилалии тиловати Қуръон бо ҳузури Сайидҳасан Ҳилу, Аҳмад Абулқосимӣ ва Ҳомиди Шокирнаҷод аз доварон ва устодони барномаи қуръонии «Маҳфил», дар ғурфаи Маҷмаи Илмии Қуръон вобаста ба остони Аббосӣ дар Намоишгоҳи Қуръони Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз вебсайти шабакаи ҷаҳонии Кафил, Муштоқ Алӣ, раиси Маҷмаи Илмии Қуръон вобаста ба остони Ҳазрати Аббос (а) дар ин бора гуфт: Ин маҳфил бо ҳузури қориёни байналмилалии Эрон ва Ироқ дар фазои маънавӣ ва қуръонӣ баргузор шуд.

Вай афзуд: Дар ин маросим шуморе аз масъулони Вазорати фарҳанги Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва инчунин шумори зиёде аз масъулони ғуфраҳои ширкаткунанда дар намоишгоҳ ва боздидкунандагон аз ин рӯйдоди қуръонӣ ҳузур доштанд.

Маҷмаи Илмии Қуръони остони Аббосӣ бо ҳадафи нашри фарҳанги Каломуллоҳ миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, тақвияти огаҳибахшии динӣ ва ҳифзи арзишҳои исломӣ дар сиюдувумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Теҳрон ҳузур пайдо кардааст.

Сиюдувумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Теҳрон аз рӯзи чоршанбе, 5 март бо шиори «Қуръон, роҳи зиндагӣ» дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (рҳ) оғоз шуд ва то рӯзи якшанбе, 16 март идома дорад. Дар бахши байналмилалии намоишгоҳ, кишварҳое монанди Ироқ, Покистон, Туркия, Русия, Алҷазоир, Боснӣ ва Ҳерсеговина, Соҳили Оҷ ва ғайра ҳузур доштанд ва ҳунармандони ин кишварҳо осор ва таблоҳои ҳунарии қуръонии худро дар маърази диди умум қарор доданд.

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4271850

captcha