Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Маркази байналмилалии Қуръон ва таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ин маҳфили қуръонӣ бо ҳамкорӣ ва мушорикати Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ройзании фарҳангии Эрон дар Индонезия ва гурӯҳи телевизионии «Маҳфил» баргузор хоҳад шуд.
Аз вижагиҳои ин маросим ҳузури вазири динҳои Индонезия ва профессор Насруддин Умар, имоми масҷиди «Истиқлол»-и Индонезия мебошад.
Бар асоси ин гузориш, муттаваллиёни масҷиди Истиқлол барои ҳузури раисҷумҳури Индонезия дар ин маҳфил дар ҳоли ҳамоҳангӣ ҳастанд.
Ин маҳфили қуръонӣ аз шабакаҳои телевизионӣ ва YouTube ба сурати зинда пахш хоҳад шуд.
Ҳамчунин бо ҳамоҳангии ройзании фарҳангии кишвари мо, маҳфилҳои қуръонӣ дар масҷиди Ал-Азҳар ва «Песантрен Ал-Қуръония» баргузор мешаванд.