IQNA

Расонаи исроилӣ: Телавив дар интизори ҳамлаи мушакии Санъо аст

5:25 - March 17, 2025
рақами хабар: 3053
ИКНА - Телевизиони режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки ин режим интизори ҳамлаҳои мушакии нируҳои мусаллаҳи Яман мебошад.

Телевизиони режими саҳюнистӣ бо таъйиди иттилои Телавив аз таҷовузи Амрико ба Яман гузориш дод, ки ин режим интизор дорад, ки ҳадафи ҳамлаҳои мушакии нируҳои мусаллаҳи Яман қарор гирад.

Канали 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ бо таъйиди инки таҷовузи хунини шаби гузаштаи Амрико ба Яман бо ҳамоҳангӣ ва иттилои Телавив сурат гирифта, дар бораи наҳваи посухи Санъо ба ин таҷовуз ҳушдор дод.

Ин шабакаи телевизионӣ ба нақл аз як мақоми масъули режими саҳюнистӣ гузориш дод: «Исроил интизор дорад, ки ҳадафи ҳамлаҳои мушакии Яман қарор гирад, аммо фармондеҳии ҷабҳаи дохилӣ ҳанӯз дастурамали худро тағйир надодааст. Мо аз наздик ончиро, ки дар Яман иттифоқ меафтад, баррасӣ мекунем ва дар ҳоли баррасии фурсатҳои муносиб барои анҷоми ҳамлаи Исроил ҳастем».

Вебгоҳи Оксиюс пештар ба нақл аз як мақоми саҳюнист гузориш кард, ки раисҷумҳури Амрико қабл аз ҳамла ба Яман, Телавивро дар ҷараён қарор дода буд.

Бар асос ин гузориш, «Трамп рӯзи ҷумъа тарҳи ҳамларо таъйид ва рӯз шанбе дастури ниҳоӣ барои иҷрои онро содир кард».

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби шанбе дастури ҳамлаҳои ҷадид ба Яманро содир кард ва пас аз он буд, ки Амрико ва Англис даври ҷадиди ҳамлаҳо ба Яманро аз сар гирифтанд ва ба эълони вазорати тандурустии Яман, дар ин ҳамалот дастикам 31 нафар шаҳид ва 101 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Оксиюс гузориш кард, ки давлати Трамп аз қабл, теъдоди каме аз муттаҳидони калидиро дар ҷараён қарор дод ва бино ба гуфтаи як мақоми аршади исроилӣ, режими саҳюнистӣ пеш аз ҳамла дар ҷараён қарор гирифта буд.

Як мақоми амрикоӣ низ гуфт, ки дигар муттаҳидони муртабит ва аъзои аршади Конгрес пас аз оғози ҳамлаҳо аз он иттилоъ ёфтанд.

captcha