Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз вебгоҳи Ал-Кумбус, додгоҳи минтақавии Стокҳолм рӯзи душанбе ҳукме содир кард, ки бар асоси он Салвон Наҷм, омиле, ки ба Қуръони Карим беҳурматӣ кардааст, бо иттиҳоми таҳрик ва нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон тавассути иштирок дар оташ задани нусхаҳое аз Қуръон ҳамроҳ бо Салвон Момико дар чандин макон дар пойтахти Шветсия дар тӯли соли 2023 маҳкум шуд.
Ин ҳукм субҳи рӯзи душанбе содир шуд ва додгоҳ барои Салвон Наҷм, ки қаблан ҳам чандин дархости расмӣ барои созмондиҳии амалиёти оташ задан ба пулис ироа карда буд, ҳукми машрут ва ҷазои нақдӣ дар назар гирифт.
Мақомоти Шветсия Салвон Наҷм ва Салвон Момико-ро бар асоси изҳороте, ки дар ҷараёни оташ задани Қуръони Карим дар чаҳор нуқтаи гуногуни Стокҳолм дар тобистони 2023 анҷом дода буданд, муттаҳам карданд.
Ин дар ҳолест, ки Салвон Момико, дигар омиле, ки ба Қуръони Карим беҳурматӣ кардааст, шомгоҳи рӯзи чоршанбе, дуруст як рӯз қабл аз содир шудани ҳукм, кушта шуд. Ин боис шуд, ки додситонӣ аз иттиҳомот алайҳи ӯ худдорӣ кунад.
Додситонии умумӣ бо такя ба филмҳои видеоии санадӣ аз ин ҳодисаҳо таъкид кард, ки ҳадафи сӯзондани Қуръон, таҳқир кардани мусулмонон ба далели вобастагии мазҳабии онҳо будааст.
Анна Ҳанкю, ки масъули ин парванда аст, гуфт: “Маълум аст, ки изҳорот ва амалиёти ин ду нафар дар чорчӯби таҳрик алайҳи мусулмонон аст ва лозим буд, ки парванда барои арзёбии қазоӣ ба додгоҳ пешниҳод шавад.”
Беҳурматӣ ба Қуръон боис шуд, ки як буҳрони шадиди дипломатӣ барои Шветсия эҷод шавад. Инчунин ин амал мунҷар ба афзоиши таҳдидҳои амниятӣ ва боло рафтани хатарҳо барои манофеи Шветсия дар хориҷ аз кишвар шуд, ки ҳукуматро маҷбур кард, то сиёсатҳои худро дар мавриди озодии баён ва тазоҳурот бознигарӣ кунад.
Бо вуҷуди ин ҳукм, ин савол боқӣ мемонад: Оё ин тасмим таъсире дар ҳаракатҳои оянда барои сӯзондани Қуръон хоҳад дошт ва бархӯрди масъулон бо ҳодисаҳои монанд дар оянда чигуна хоҳад буд?
https://iqna.ir/00HtDB