Ба гузориши ИКНА ба нақл аз намояндагии фарҳангии Эрон дар Танзания, ин кишвар бо баргузории мусобиқоти қуръонии бошукӯҳ ва камназираш бори дигар рангу бӯи қуръонӣ ба худ гирифт.
Ин мусобиқот байни қуръономузони марказҳои қуръонӣ бо ҳузури Сулаймон Саъдӣ Ҷафу, вазири кишвар бо талоши муассисаи Асҳоби Каҳф дар толори ҳамоишҳои байналмилалии Найрере баргузор шуд.
Мусобиқоти қуръонии бонувон аз сӯи Маркази Оиша Сарур дар маҳалли толори ҳамоишҳои бузурги Диёмонд Ҷубилӣ баргузор шуд ва меҳмони вижаи ин рӯйдод Ҳусейн Муинӣ, раисиҷумҳури Занзибар буд.
Пас аз баргузории ин рӯйдоди қуръонӣ Оиша Сарур, баргузоркунандаи маросим бо намояндаи фарҳангии Эрон дар Танзания дидор ва гуфтугӯ кард.
Ин гузориш ҳокӣ аст, ки мусобиқоти байналмилалии қироат (савт ва лаҳн)-и Қуръон низ бо ҳузури меҳмони вижаи ин рӯйдод — Ҳусейн Муинӣ, раисиҷумҳури Занзибар ба талоши муассисаи Хидмати Қуръони Танзания дар толори ҳамоишҳои байналмилалии Найрере баргузор шуд.
Ин мусобиқот аз 25 исфанди соли ҷорӣ дар шаҳри Дорус-Салом оғоз шуд. Бино бар эъломи сафҳаи Инстаграми ин муассиса, қориён аз кишварҳои Лубнон, Африқои Ҷанубӣ, Покистон, Малайзия, Яман, Малӣ, Миср, Ироқ, Афғонистон, Туркия ва Марокаш дар ин мусобиқот ҳузур доштанд.
Ин мусобиқот мӯътабартарин мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ дар Танзания ва дар шарқи Африқо аст, ки тавассути муассисаи Хидмати Қуръон баргузор мешавад.
Муассисаи Хидмати Қуръон як муассисаи ғайритиҷоратии исломӣ аст, ки барои густариши фарҳанг ва маорифи қуръонӣ дар Танзания фаъолият мекунад. Ин муассиса дар чанд соли ахир фаъолиятҳои қуръонии мухталиферо аз ҷумла мусобиқоти савт ва лаҳни Қуръони Карим дар сатҳҳои мухталифи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор кардааст.
Ҳамчунин ин муассиса бо даъват аз шахсиятҳо ва қориёни дараҷаи аввали байналмилалӣ ба Танзания ва баргузории барномаҳои қуръонӣ барои онҳо, нақши муҳимме дар беҳбуди ҷойгоҳи ин кишвар дар фаъолиятҳои қуръонии байналмилалӣ доштааст. Чунончи соли гузашта Шайх Маҳмуд Шаҳҳот Анвар меҳмони муассисаи Хидмати Қуръони Танзания буд ва қироатҳои ӯ мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз мусулмонини ин кишвар қарор гирифт.
Ҳамчунин мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон дар варзишгоҳи футболи Танзания ба унвони аввалин мусобиқоти бузурги қуръонӣ дар Африқо шинохта мешавад, ки ба талоши муассисаи қуръонии Ҳикмаи ин кишвар баргузор шуд.
Истиқболи мардум аз ин мусобиқот ҳамасола бисёр зиёд аст ба гунае, ки варзишгоҳи аслӣ ва кӯмакӣ пур аз ҷамъият шуда ва ба далели баста шудани дарҳо бисёре аз шаҳрвандони танзанияӣ аз ҳузур дар ин рӯйдод бенасиб мемонанд.