IQNA

Мусобиқаи панҷ қорӣ дар даври чаҳордаҳуми ҷоизаи тиловати «Ал-Амид» дар Ироқ + акс

20:00 - March 17, 2025
рақами хабар: 3066
ИКНА - Даври чаҳордаҳуми мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръон «Ал-Амид» бо иштироки панҷ қории роҳёфта ба марҳилаи дуюм идома ёфт.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз шабакаи ҷаҳонии Ал-Кафил, ин мусобиқот ба ҳиммати маҷмаи илмии Қуръони Карим дар остони муқаддаси Аббосӣ бо ҳузури қориён аз 22 кишвари ҷаҳон ва бо ҳузури 30 қории калонсол ва 10 қории наврас баргузор мешавад.

Ин давр аз ин мусобиқот шоҳиди ҳузури қориёни зерин буд: Муҳаммад Разқан аз Индонезия, Аммор Солеҳ Ҳалилӣ аз Ироқ, Муҳаммад Ҳасензода аз Афғонистон, Раҳим Шарифи аз Эрон ва Муҳаммадалӣ Қосим аз Лубнон.

Ин мусобиқот тавассути ҳайати доварони байналмилалӣ иборат аз Шайх Муҳаммад Басюни аз Миср, Шайх Босим Ал-Абодӣ аз Ироқ, Доктор Муштоқ Ал-Абодӣ аз Ироқ, Шайх Абдулкабир Ҳайдарӣ аз Афғонистон, Шайх Муҳаммад Асфор аз Миср, Қорӣ Сайид Ҳасанайн Ал-Ҳалу аз Ироқ, Қорӣ Карим Мӯсавӣ аз Эрон ва Қорӣ Муҳаммад Рамол аз Лубнон назорат мешавад.

Ин мусобиқот яке аз иқдомоти остони муқаддаси Аббосӣ дар густариши фарҳанги қуръонӣ аст ва рӯйкарди саҳеҳе барои фард ва ҷомеа мебошад, ки қориён аз кишварҳои арабӣ, осиёӣ ва африқоӣ барои ширкат дар он ҳузур ёфтаанд.

Абдураҳмон Натоӯш, ширкаткунандаи алҷазоирӣ, дар суханоне дар бораи ин мусобиқот таъкид кард, ки мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръон Ал-Амид бо ҳадафи густариши омӯзаҳои Ислом ва фарҳанги қуръонӣ дар миёни ҷомеаҳои мухталиф мебошад.

Вай гуфт: Ин мусобиқот яке аз бузургтарин мусобиқоти байналмилалии қироати Қуръон аст, ки ҳадафи он густариши маъорифи исломӣ ва фарҳанги қуръонӣ дар байни тамоми ҷомеаҳои мусулмон мебошад.

Ин ширкаткунандаи алҷазоирӣ бо изҳори хушҳолӣ аз ҳузур дар Ироқ ва ширкат дар ин мусобиқот аз остони муқаддаси Аббосӣ барои баргузории ин мусобиқот қадрдонӣ кард.

رقابت پنج قاری در چهاردهمین دوره جایزه تلاوت «العمید» در عراق +  عکس

https://iqna.ir/fa/news/4272401

captcha