Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз торнамои Остони муқаддаси Ҳусайнӣ, шумори зиёде аз мӯъминон, хоҳ дар ин шаби бузург ва хоҳ дар ду шаби дигари эҳтимолии Қадр, равонаи шаҳри Карбало шуданд. Мӯъминон дар ин шаби саршор аз фазои маънавӣ, ҷӯёи инъом ва фазли илоҳӣ ҳастанд.
Дар ин шаби бузург, ду остони мутаҳҳари Сайидуш-шуҳадо ва Ҳазрати Аббос (алайҳимассалом) ва байнулҳармайн шоҳиди ҳузури шумори зиёде аз зоирон буданд, ки аз дохил ва хориҷи шаҳри Карбало барои эҳёи ин шаб ба ҳаромайн мушарраф шуда, бо анҷоми аъмоли воридшуда, қироати дуои ифтитоҳ ва дуои Ҷавшани Кабир, Қуръон бар сар гузоштан ва тиловати Қуръони Карим ба ибодат ва бандагӣ пардохтанд.
Ходимони ду остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ низ бо кӯшишҳои пайваста ва хастанопазир барои ироаи беҳтарин хидматҳо ба зоирони гиромӣ ва фароҳам кардани фазои муносиб барои ибодат ва зиёрат, талош карданд.
Шаби Қадр як шаб аст, ки дар таъйини он ихтилоф вуҷуд дорад, аммо ба шабҳои нуздаҳум, бистум, бисту якум ва бисту севуми моҳи мубораки Рамазон ба унвони шабҳои эҳтимолии Қадр ишора шудааст. Шаби бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон яке аз шабҳои эҳтимолии Қадр мебошад, ки ибодат ва амали хайр дар ин шаб муодили амали хайр дар ҳазор моҳи дигар аст ва ривоятҳои зиёде бар эҳёи ин шаби бузург таъкид кардаанд.
Дар идома тасвирҳое аз ҳузури зоирони шабзиндадор дар канори ҳарими Ҳазрати Абулфазл (алайҳиссалом) дида мешавад.
Ҳамчунин, видеое аз маросими эҳёи шаби бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон дар канори мақбараи Имомайн Аскарийайн (алайҳимассалом) дар Самарро тамошо мекунед.