Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти афзояндаи масъалаи Фаластин ҳамчун масъалаи аввалини ҷаҳони Ислом, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ Пустери вижаи Рӯзи Қудсро тарроҳӣ ва аз он рӯнамоӣ намуд.
Маросими рӯнамоӣ бо ҳузури Ҳуҷҷатул-Ислом вал-муслимин Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷма, Ҳуҷҷатул-Ислом вал-муслимин Сайидмӯсо Мӯсавӣ, ҷонишини раиси Маҷма, ва ҷамъе аз мудирон баргузор шуд.
Дар тарҳи ин Пустер, ки бо шиори «انا علی العهد یا قدس» “Эй Қудс, мо бар аҳдамон боқӣ ҳастем” таҳия шудааст, масҷиди Ал-Ақсо ҳамчун рамзи Қудс ва Пустери кишварҳои мусалмон дар атрофи гумбади он ба шакли маркази галактика ҷой дода шудаанд.