IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 50

Ҳамбстагии мӯъминон

6:01 - August 07, 2023
рақами хабар: 312
Теҳрон (ИКНА) тафовути дидгоҳҳо ва нигоҳҳои мутафовит, гоҳе миёни мӯъминон ҷудоӣ ва фосила меандозад. Аммо Қуръон бо муаррифии роҳкори хос, ҳамагонро ба сӯи ваҳдат даъват мекунад.

وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنْتُمْ عَلَى شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ فَأَنْقَذَكُمْ مِنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ; “Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо ( Қуръон ва Ислом ва ҳаргуна василаи иртиботи дигар) чанг занед, ва пароканда нашавед! Ва неъмати (бузурги) Худоро бар худ, ба ёд оред, ки чигуна душмани якдигар будед, ва Ӯ миёни дилҳои шумо, улфат эҷод кард, ва ба баракати неъмати Ӯ, бародар шудед! Ва шумо бар лаби ҳуфраҳои аз оташ будед, Худо шуморо аз он наҷот дод; Ин чунин, Худованд оёти худро барои шумо ошкор ме‏созад, шояд ҳидоят шавед. (Оли Имрон, 103).

Манзур аз “Ресмони илоҳӣ” ҳаргуна василаи иртибот бо зоти поки Худованд аст, хоҳ ин васила Ислом бошад, ё Қуръон, ё Паёмбар ва Аҳли Байти ӯ.

Ин оят ба неъматт бузургт иттиҳод ва бародарӣ ишора карда ва мусулмононро ба тафаккур дар вазът андӯҳборт гузашта, ва муқоисат он “парокандагӣ” бо ин “ваҳдат” даъват мекунад.

Дар инҷо масъалаи таълифи қулуби мӯъминонро ба худ нисбат дода мегӯяд: “Худо дар миёни дилҳои шумо улфат эҷод кард” бо ин таъбир, ишора ба як мӯъҷизаи иҷтимоӣ Ислом намуда, зеро агар собиқаи душманӣ ва адовати пешини арабро дуруст баррасӣ кунем дар меёбем, ки чӣ гирифториҳо ва душмениҳе буданд.

Нуктаҳо:

Эҷоди улфат миёни дилҳо танҳо ба дасти Худост. “فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ” Қуръон хитоб ба Паёмбар мефрмояд: “لَوْ أَنْفَقْتَ ما فِي الْأَرْضِ جَمِيعاً ما أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ” (Анфол, 63) агар ҳамаи сармояҳои заминро харҷ кунӣ наметавонӣ бидуни хости Ӯ байни дилҳо пайванд барқарор намоӣ.

Тафриқа дар радифи азобҳо ва муҷозотҳои илоҳӣ аст. Ҳамчунин дар Ислом дурӯғгуфтан барои эҷоди ваҳдат, ҷоиз ва ростгуфтни тафриқа ангез, ҳаром аст.

Паёмҳо:

1- Ваҳдат ва дӯрӣ аз тафриқа, як вазифаи илоҳӣ аст. وَ اعْتَصِمُوا

2- Меҳвари ваҳдат бояд дини Худо бошад, на нажод, забон, миллит ва .... بِحَبْلِ اللَّهِ

3- Аз баракот ва хадамоти Ислом ғофил нешавед. إِذْ كُنْتُمْ أَعْداءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ

4- Ваҳдат, омили ухувват аст. فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْواناً

 

captcha