IQNA

Имом Хумайнӣ (рҳ) “Қудс”-ро рамзи ваҳдат ва муқовимат бар зидди зулм медонист

5:08 - March 28, 2025
рақами хабар: 3131
ИКНА - Қудс барои мусулмонон танҳо як макони муқаддас нест, балки рамзи муқовимат, ваҳдат ва мубориза бар зидди зулм ва истибдод аст. Аз нигоҳи Имом Хумайнӣ (рҳ), масъалаи Қудс танҳо як масъалаи сиёсӣ нест, балки як масъулияти исломӣ ва инсонӣ аст, ки тамоми мусулмонон бояд дар дифоъ аз он муттаҳид шаванд. Имом Хумайнӣ (рҳ) бо огоҳии амиқи сиёсӣ ва дидгоҳи динӣ, бо рӯшанбинӣ эълом доштанд, ки озодии Қудс ва наҷоти мардуми Фаластин як амри зарурӣ барои ҷаҳони Ислом ва ҷомеаи башарӣ мебошад.

Ба ҳамин хотир, Имом Хумайнӣ (рҳ) бо эъломи Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, марзи хомӯшии ҷаҳони Исломро дар ин масъала шикаст ва бо ин иқдом мусулмононро ба як ҳаракати густурдаи ҳамбастагӣ даъват намуд. Ин рӯз барои мардуми Эрон ва тамоми мусулмонон на танҳо як нишони эътироз ба зулм, балки як василаи таҳкими ҳувияти исломӣ ва ҳамдилии ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.

Дар идома, нақши мардуми Эрон дар иҷрои фармони Имом Хумайнӣ (рҳ) ва ҳимояи онҳо аз масъалаи Қудсро баррасӣ мекунем, то бубинем, ки чӣ гуна онҳо бо азму иродаи қавӣ, ҳамеша дар сафи пеши ин ҳаракат қарор доштаанд.

Имом Хумайнӣ (рҳ) Қудсро «Масъали аслии ҷаҳони Ислом» медонистанд ва бар озодии он таъкид мекарданд. Ишон Қудсро на танҳо як масъалаи миллӣ, балки як масъалаи инсонӣ ва исломӣ медонистанд, ки бояд ҳамаи мусулмонон барои ҳалли он кӯшиш намоянд. Дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид мекарданд, ки Қудс танҳо ба фаластиниҳо маҳдуд намешавад. Мубориза барои озодии Қудси шариф як вазифаи шаръӣ ва ахлоқӣ аст ва режими саҳюнистиро як монеаи бузург барои ҳуқуқи инсонӣ медонист ва ҳамеша таъкид мекард, ки мусулмонон бояд бо ҳамбастагӣ Қудсро аз дасти ишғолгарон озод кунанд.

Имом Хумайнӣ (рҳ) ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид мекарданд, ки Қудс танҳо ба як миллат ё як қавм маҳдуд намешавад, балки он як масъалаи умумии уммати исломӣ аст. Ба назари ишон, Қудс рамзи мубориза бар зидди зулм ва истибдод буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як аз мусулмон аст. Имом бо таъбири равшан мегуфтанд: «Агар мо аз Қудс даст кашем, дар воқеъ аз ақида, эътиқод ва рисолати худ даст кашидаем.» Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи Қудс танҳо як баҳси сиёсӣ нест, балки он реша дар маънавият, эътиқод ва ҳувияти исломии ҳар як мусулмон дорад.

Дидгоҳи имом Хумайнӣ (рҳ) нисбат ба Қудс танҳо як дидгоҳи сиёсӣ набуд, балки як ҷаҳонбинии амиқи исломӣ ва инсонӣ буд. Ишон Қудсро на танҳо як шаҳри муқаддас, балки рамзи ваҳдати тамоми уммати исломӣ ва нишонаи муқовимат бар зидди зулм медонистанд. Ба назари Имом, масъалаи Қудс фақат як мушкили маҳдуди минтақавӣ набуда, балки як масири адолатталабӣ ва озодихоҳии ҷаҳони Ислом буд, ки тамоми мусулмонон бояд барои озодии он талош намоянд.

Нақши мардуми Эрон дар иҷрои фармони Имом Хумайнӣ (рҳ)

Мардуми Эрон ҳамеша дар иҷрои фармони Имом Хумайнӣ (рҳ) дар мавриди ҳимоят аз Қудс пешгом будаанд. Ҳар сол, дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, ки ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” номгузорӣ шудааст, онҳо бо шукӯҳи хоссе дар раҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳо ширкат меварзанд. Ин рӯз барои мардуми Эрон на танҳо як рукни сиёсӣ, балки як рисолати динӣ ва миллӣ аст, ки аз эътиқод ва ҳувияти исломии онҳо сарчашма мегирад.

Бо баргузории роҳпаймоиҳои густурда, мардуми Эрон аз ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин дифоъ мекунанд ва хашми худро нисбат ба зулми ишғолгарон баён менамоянд. Ин раҳпаймоиҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳрҳо ва рустоҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешаванд. Мардум бо даст доштани парчамҳо, навиштаҳо ва шиорҳо, ҳамдилии худро бо мардуми Фаластин ба намоиш мегузоранд.

Нақши мардуми Эрон дар ҳимоят аз Қудс ба ташаббусҳои ҳукуматӣ маҳдуд намешавад. Афроди ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла уламо, донишҷӯён, фаъолони фарҳангӣ ва сиёсӣ, ҳамеша дар сафи пеши ин ҳаракат қарор доранд. Онҳо бо ташкили ҳамоишҳо, намоишҳои фарҳангӣ ва конфронсҳои илмӣ, аҳамияти масъалаи Қудсро дар миёни ҷомеа баланд мебардоранд.

Давлати Эрон низ бо ҳамроҳии мардум, бар ҳимоят аз Фаластин таъкид мекунад ва тавассути дипломатия ва фаъолияти расонаӣ ин масъаларо дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ менамояд. Мардуми Эрон бо эътиқод ба ин ки Қудс танҳо ба як миллат ё як кишвар марбут нест, балки масъалаи тамоми уммати исломӣ мебошад, ҳамеша дар канори мардуми Фаластин қарор доранд. Онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар Рӯзи Қудс, ин паёмро ба ҷаҳониён мерасонанд, ки ҳимоят аз мазлумон як масъулияти шаръӣ, ахлоқӣ ва инсонист.

Ҳузури густурдаи мардуми Эрон дар ин ҳаракат нишон медиҳад, ки онҳо нисбат ба сарнавишти Қудс ва Фаластин бетафовут нестанд. Иштирок дар ин раҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳо танҳо як амали сиёсӣ нест, балки як аломати бедории исломӣ ва ваҳдати мусулмонон мебошад. Мардуми Эрон бо эътиқод ба ин ки озодии Қудс на танҳо як ормон, балки як воқеияти дастрас аст, ҳамеша бар мубориза ва муқовимати мардуми Фаластин таъкид мекунанд ва дар ин роҳ устуворона қадам мегузоранд.

Бинобар ин, Имом Хумайнӣ (рҳ) Қудсро рамзи ваҳдати исломӣ ва муқовимат бар зидди зулм мешумурданд. Ба назари ишон, ин масъала танҳо сиёсӣ набуда, балки як масъулияти динӣ ва инсонӣ буд. Бо эъломи Рӯзи ҷаҳонии Қудс, Имом Хумайнӣ (рҳ) ҷаҳони Исломро ба ҳамбастагӣ даъват карданд. Ин рӯз рамзи дифоъ аз мазлумон ва мубориза бо истибдод ва зулм гардид. Мардуми Эрон ҳар сол дар ин рӯз бо шукӯҳи хоссе ҳимоят аз Фаластинро таҷассум мекунанд. Онҳо бо роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳо ба ҷаҳониён паём медиҳанд. Ин иқдом танҳо як эътирози сиёсӣ набуда, балки нишонаи бедории исломӣ аст. Қудс барои мусулмонон як амонат ва масъулияти муқаддас мебошад. Имом Хумайнӣ (рҳ) таъкид мекарданд, ки озодии Қудс як вазифаи шаръӣ аст. Мубориза барои озодии он на танҳо вазифаи фаластиниҳо, балки тамоми уммати исломӣ аст. Мардуми Эрон бо тамоми қувва ва имон дар сафи пеши ин ҳаракат қарор доранд. Ҳукумати Эрон низ тавассути дипломатия ва расонаҳо ҳимоятро тақвият мебахшад. Афроди ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ низ нақши муҳим доранд. Рӯзи Қудс танҳо як иқдоми сиёсӣ набуда, балки таҷаллии ваҳдат ва ҳувияти исломӣ аст. Ин мубориза то озодии Қудс ва наҷоти Фаластин идома хоҳад ёфт.

https://tajikpress.com/2025/03/28/

captcha