IQNA

Муваффақияти ду қории марокашӣ дар мусобиқаҳои байналмилалии қироати Қуръони Катара дар Қатар

19:51 - March 30, 2025
рақами хабар: 3154
ИКНА - Набил Ал-Харрозӣ ва Айюб Ал-Алом, ду қории марокашӣ дар ҳаштумин давраи ҷоизаи байналмилалии қироати Қуръони Катара (2025) ба тартиб ҷойҳои аввал ва сеюмро соҳиб шуданд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз сомонаи хабарии le360, дар ҳаштумин давраи ҷоизаи байналмилалии қироати Қуръони Катара (2025) Набил Ал- Харрозӣ аз Марокаш ҷойи аввал, Маҳмуд Камолуддин Муҳаммад аз Миср ҷойи дувум ва Айюб Ал-Алом аз Марокаш ҷои сеюмро гирифтанд, ки ба ҷои аввал 500 ҳазор риёли Қатар, ба ҷои дувум 400 ҳазор риёли Қатар ва ба ҷои сеюм 300 ҳазор риёл Қатар ҷоиза дода шуд.

Ҳамчунин, Муҳаммадалӣ Фуроғӣ аз Афғонистон ҷои чаҳорум ва Аҳмад Муҳаммад Ас-Сайд аз Миср ҷои панҷумро соҳиб шуданд, ки ба ҷойҳои чаҳорум ва панҷум ба тартиб 200 ҳазор ва 100 ҳазор риёли Қатар ҷоиза дода шуд.

Марасими эътирофи ҷоизаҳо, ки аз ҷониби Доктор Холид бин Иброҳим Ас-Сулайти, мудири кулли бунёди фарҳангии Катара баргузор шуд, ба таври зинда аз телевизиони Қатар намоиш дода шуд.

Набил Ал-Харрозӣ, ки ҷои аввалро соҳиб шуд ва 24 сол дорад, гуфт, ки муваффақияти худро маҳз ба волидайнаш медонад, ки барои тарбияи ӯ сахт кӯшиш карданд. Ӯ илова кард, ки интизор намебуд, ки ҷойи аввалро соҳиб шавад, зеро сатҳи рақибон хеле наздик ба ҳам буд.

Ал-Харрозӣ изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои динӣ дар Марокаш илмҳои динӣ омӯхта, барои таҳсилоти олӣ дар донишгоҳ омода мешавад.

Айюб Ал-Алом, ки 31 сол дорад ва ҷойи сеюмро гирифтааст, гуфт, ки муваффақияти ӯ дар ҷоизаи қироати Қуръони Катара маъниҳои зиёде барои ӯ дорад ва ба ҷуз аз таълим додани Қуръони Карим, хоҳиш дорад, ки таваҷҷӯҳи бештаре ба пешрафт дар қироат ва ҳифзи Қуръон гузорад.

Аз тарафи дигар, аъзои ҳайати доварони ҳаштумин давраи ҷоизаи қироати Қуръони Карим Катара якдил буданд, ки ин давра аз мусобиқаҳои қаблӣ бо таваҷҷӯҳ ба наздик будани сатҳи иштирокчиён, аъло буд.

Доктор Аҳмад Ал-Мисравӣ, довари тадҷвид дар ин мусобиқаҳо изҳор кард, ки наздик будани сатҳи 100 иштирокчӣ корро барои ҳайати доварон ду маротиба мушкилтар кардааст ва мушкилӣ дар он аст, ки довар вазифадор аст, ки ҳатто хатои хурдтарини қориёнро ба назар гирад ва аз тарафи дигар бояд ба ҷанбаҳои афзалият дар иҷрои қироати Қуръон низ таваҷҷӯҳ дошта бошад, то адолат дар додани номарҳо риоя шавад.

Лозим ба зикр аст, ки Бунёди фарҳангии Катара дар доираи вазифа ва масъулияти худ дар соҳаи фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар ҷаҳон араб ва Ислом, ҷоизаи қироати Қуръони Катараро дар марти 2017 таъсис дод. Ин ҷоиза бо мақсади ташвиқ ва ошкор кардани истеъдодҳои барҷастаи қироат дар Қуръони Карим ва муаррифии қориёни аъло дар ҷаҳон баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4274209

captcha