Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз рӯзномаи Ал-Балад, Масҷидул-Ҳаром шоҳиди ҳузури меҳмонони Худованди Раҳмон ва ҷамъияти зиёди умра гузароне буд, ки барои адои маросими ибодатӣ дар рӯзҳои охири моҳи мубораки Рамазон ба Масҷидул-Ҳаром омада буданд.
Раёсати кулли умури Масҷидул-Ҳаром ва Масҷидун-Набӣ бо ҳамоҳангӣ бо мароҷии зарурӣ неруҳои худро барои истиқбол аз меҳмонони Худо ба кор андохт ва роҳҳои воридшавии афроди маъзур ва пиронсолон низ мунзам карда шуд.
Ба хотири баргузории маросими хатми Қуръон дар шонздаҳуми моҳи мубораки Рамазон дар Масҷидул-Ҳаром, нусхаҳои Қуръони Карим ба чанд забон дар дасти захирагон қарор дошт ва садои тиловати Қуръон аз ҳамаи баландиҳои Масҷидул-Ҳаром шунида мешуд.
Шумори зиёди зоирон ва умрагузорон инчунин намози Таровиҳ (намози мустахабии аҳли суннат дар шабҳои Рамазон)-ро дар Масҷидул-Ҳаром адо карданд.
Тавфиқ Ар-Рабиъа, вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки Масҷидул-Ҳаром дар шонздаҳуми моҳии мубораки Рамазон имсол шоҳиди ҳузури беш аз 3,4 миллион намозгузор ва беш аз 646 ҳазор умрагузор буд, ки барои адои намози Таровиҳ ва хати Қуръони Карим ба Масҷидул-Ҳаром омаданд.
Дар идома тасвирҳое аз ин маросимро мебинед: