Ба гузориши ИКНА, масҷиди Балӣ, ки соли 1608 дар маркази шаҳри Элбасани Албания бунёд гардидааст, дар феҳристи пойгоҳи интернетии ArchDaily миёни панҷ ибодатгоҳи зебои ҷаҳон қарор гирифт.
Бо ин арзёбӣ, Элбасан ва Албания ҳамчун ҷузъе аз харитаи ҷаҳонии меъмории мазҳабӣ шинохта мешаванд. Ин интихоби нав нишон медиҳад, ки чунин осор на танҳо намунаи санъат ва фарҳанг ҳастанд, балки барои густариши бештари сайёҳӣ низ як фурсати арзишманд ба шумор мераванд.
Платформаи маъруфи ArchDaily, ки дар соҳаи меъморӣ фаъолият мекунад, ҷоизаи мӯътабари "Бинои беҳтарини соли 202"-ро ба ин масҷид эҳдо кардааст. Расонаҳои албаниягӣ гузориш медиҳанд, ки ин арзёбӣ як таҳаввули муҳими меъмории муосири Албания буда, ҷойгоҳи вижае ба Элбасан дар харитаи ҷаҳонии меъморӣ, ба хусус дар бахши ибодатгоҳҳо медиҳад.
Масҷиди Балӣ бо тарҳи эҷодкоронааш, ки бо ҳунармандӣ суннати исломиро бо унсурҳои муосир омезиш медиҳад, шӯҳрат дорад ва барои муъминон ва сайёҳон фазои беҳамторо фароҳам меорад. Ин ҷоиза Элбасан ва Албанияро ҳамчун бахше аз харитаи ҷаҳонии меъмории исломӣ матраҳ мекунад ва нишон медиҳад, ки чунин осор на танҳо намунаи ҳунар ва фарҳанг, балки василаи рушди бештари сайёҳӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳангии ин кишвар ҳастанд.
Оғим Дука, муфтии шаҳри Элбасан, изҳор дошт:
"Ин як хабари хуш аст, ки на танҳо шаҳрвандони Элбасан, балки ҳамаи мусулмонони Албанияро шод мекунад. Элбасан шаҳри арзишҳост; он як қалъа, як масҷид ва як калисо дорад. Ба хусус, масҷиде, ки имрӯз дар он қарор дорем, мояи ифтихори мост. Ин як масҷиди таърихист, ки гарчанде дар замони режими коммунистӣ тахриб гардид, аммо ҷомеаи мусулмонон тавонист онро бозсозӣ намояд."
Масҷиди Балӣ соли 1608 аз ҷониби Ҳасан Балию дар маркази шаҳри Элбасан бунёд гардидааст. Соли 2022, ин масҷид бар рӯи харобаҳои бинои қадимӣ, вале бо тарҳе хеле бошукӯҳтар аз пешин бозсозӣ шуд. Ин тарҳро Commonsense Studio иҷро намуда, ва ҷолибтарин унсури масҷид манораи он аст, ки бо тарҳи хосаш бо осори монанд рақобат мекунад.
Тарроҳони ин лоиҳа кӯшидаанд, ки меъмории муосирро бо суннатҳои мазҳабии ислом муттаҳид созанд. Ҳоҷру дар ин бора мегӯяд:
"Барои мисол, истифода аз мис, ки бо гузашти замон ҷилои бештар пайдо мекунад, ё истифода аз сангу чӯб, ки бо мурури вақт бузургии худро нигоҳ медоранд ва умри дароз доранд, аз ҷумлаи ин омилҳост. Ман фикр мекунам, ки ҳамин мафҳумҳо дар интихоби ин масҷид миёни 5 ибодатгоҳи беҳтарин таъсиргузор буданд."