Ба гузориши ИКНА ба нақл аз сомонаи хабарии «مسلمون حول العالم», ин коргоҳ ба ташаббуси Шӯрои исломии Кузаво ва бо ҳамкории Раёсати умури динии Туркия баргузор гардид.
Иштироккунандагон дар ин коргоҳи дурӯза, масоили марбут ба тарҷума ва нашри осори куҳани исломӣ, бахусус таълифоти марбут ба масоили фиқҳӣ ва эътиқодӣ-ро баррасӣ карданд ва таъсири фанновариҳои муосир ва хиради сунъӣ (AI) дар ин заминаро мавриди баҳсу табодули назар қарор доданд.
Ин рӯйдод, имкони табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ миёни ниҳодҳои динии кишварҳои Балканро фароҳам кард ва ба унвони қадаме муҳиме барои густариши дастрасӣ ба маорифи исломӣ барои ғайриарабзабонон арзёбӣ мешавад.
Коргоҳи мазкур дар чорчӯби талошҳои Шӯрои исломии Кузаво барои тарвиҷи нашри таълифоти исломӣ ва дастрассозии онҳо ба забонҳои гуногун баргузор гардид ва як қадами муассир дар ҳушёрибахшии динии ҷомеаҳои ғайриарабзабон ва институсионӣ кардани дониш ва маърифати исломӣ маҳсуб мешавад.