Ба гузориши ИҚНА, ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, ҳавопаймоҳои ҷангии режими ишғолгар як манзили истиқоматиро дар маркази шаҳри Сайдо ҳадаф қарор дода, дар натиҷа Ҳассан Фарҳот ва ду нафари дигар, аз ҷумла писар ва духтари ӯ, шаҳид шуданд. Ин ҳамла тавассути паҳпод анҷом шуда ва ду мушак ба сӯи он манзил партоб шудааст.
Ба навиштаи Русия Ал-Явм, ин ҳамла шаби гузашта (панҷшанбе) пас аз як силсила ҳамлаҳои дигар ба минтақаҳои Нақура, Набатия ва Сайдо сурат гирифт, ки боиси ворид омадани хисорот ба ин манотиқ шудааст.
То кунун ҳаракати Ҳамос изҳороти расмие дар бораи шаҳодати Фарҳот мунташир накардааст, вале тасовире аз манзили ҳадаф қароргирифта ва берун овардани ҷасади ӯ аз зери вайронаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст.
Вазорати беҳдошти Лубнон низ дар баёнияе эълом кард, ки дар натиҷаи ин ҳамлаи субҳи ҷумъа ба манзили истиқоматӣ дар шаҳри Сайдо ва ҳамчунин ба як мошини хусусӣ дар шоҳроҳи Бинт Ҷубайл, дастикам се нафар шаҳид ва ду нафар захмӣ шуданд.
Дар баёнияи дигар, ин вазорат ҳадаф қарор гирифтани ду мошини ёрии таъҷилӣ, як мошини оташнишонӣ ва ҳамчунин тахриби маркази муваққатии беҳдоштии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар шаҳри Нақураро шадидан маҳкум кард ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки ин ҳамлаҳои хатарнок ва нақзи ошкорои қавонини байналмилалӣ ва қавонини инсондӯстонаро таҳаммул накунад ва нодида нагирад.