Ба гузориши ИКНА аз Карбало, Дорулқуръони Карим, вобаста ба остони муқаддаси Ҳусайнӣ, аз гурӯҳҳои довталабе, ки дар баргузории хатми Қуръон дар айёми моҳи муборак дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) ширкат доштанд, истиқбол ва қадрдонӣ кард.
Шайх Хайриддин Ҳодӣ, раиси идораи Дорулқуръони Карим дар ҳарими Ҳусайнӣ, дар баёнияе изҳор дошт: ин тақрим ба хотири қадрдонӣ аз заҳматҳои довталабоне аст, ки бо тамоми тавоноии худ барои ба самар нишастани ин барномаи қуръонӣ талош карданд. Ин кӯшишҳо нишондиҳандаи ихлоси онҳо дар хидмат ба китоби Худованд аст. Мо ҳамчунон аз барномаҳои қуръонӣ, ки ба густариши фарҳанги қуръонӣ ва тақвияти иртиботи ҷомеа бо Қуръон кӯмак мекунанд, ҳимоят мекунем.
Расул Вазонӣ, масъули воҳиди маҳфилҳои қуръонӣ дар Дорулқуръони Карим низ таъкид кард: талоши довталабон пояи аслии муваффақияти ин барнома буд ва ҳузури густарда ва ҳамкории зиёди зиёраткунандагон нишондиҳандаи аҳаммияти ин тарҳ аст.
Вай афзуд: ин барномаи қуръонӣ дар ростои рисолати мо барои густариши фарҳанги Қуръонӣ ва тақвияти иртибот бо он дар моҳи муборак мебошад.
Маросими хатми Қуръони Карим яке аз рӯйдодҳои намоёни моҳи мубораки Рамазон аст, ки остони муқаддаси Ҳусайнӣ ҳар сол онро бо иштиёқ баргузор мекунад. Қарор аст, фардо маросими бошукӯҳе барои тақдири ширкаткунандагони хатми Қуръон баргузор гардад.