Ба гузориши ИКНА ба нақл аз pnn.ps, Шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии аъзами Қудс ва Фаластин ва раиси Шӯрои олии фатвои Фаластин эълом кард, ки дар ин нусхаи Қуръон камбуди саҳифаҳо аз саҳифаи 412 (аз сураи Луқмон) то саҳифаи 443 (аз сураи Ёсин) мушоҳида мешавад. Ҳамчунин пас аз саҳифаи 475 (сураи Ғофир), саҳифаи 444 (сураи Ёсин) дубора омадааст.
Шайх Муҳаммад Ҳусайн тавзеҳ дод, ки ин нусха аз ҷониби чопхонаи гурӯҳи «Атоуллоҳ» дар Қоҳира (Миср) ва бо иҷозаи №56, мутаъаллиқ ба таърихи 21/7/2019 аз ҷониби Маҷмаи таҳқиқоти исломии Ал-Азҳар мунташир шудааст.
Ӯ аз китобхонаҳо, чопхонаҳо ва афроде, ки ин нусхаро дар ихтиёр доранд, дархост кард, ки онро ба Дорулифтои Фаластин таслим намоянд, то иқдомоти лозим дар ин замина анҷом гирад.
Муфтии аъзами Қудс ва Фаластин ҳамчунин бар зарурати эҳтиёткорӣ ва дақиқ будан дар чопи Қуръони Карим, бахусус ҳангоми истифода аз усули фотокопии сареъ дар баъзе чопхонаҳо таъкид кард.
То кунун нусхаҳои мутааддиде аз Қуръон бо иштибоҳоти чопӣ дар Фаластин мушоҳида шудаанд. Пештар, дар яке аз нусхаҳои мунташиршуда аз ҷониби нашриёти Ал-Тавфиқия ва бо иҷозаи Маҷмаи таҳқиқоти исломии Ал-Азҳар, саҳифаҳои 132 то 163 норасо буданд. Ё дар нусхаи дигаре, ки аз ҷониби чопхонаи мисрии олмонӣ ва бо иҷозаи Маркази таҳқиқоти Ал-Азҳар чоп шуда буд, дар ояти 2 аз сураи Исро ба ҷойи калимаи «ҷаъалноҳ» калимаи «ҷиғалноҳ» навишта шуда буд.