Шояд аҷиб бошад, ки як китоби осмонӣ, мухотаби худро мутамоил ба гардиш ва саёҳат дар замин кунад. Аммо яке аз тавсияҳои Қуръон, он аст, ки дар замин гардиш кунед, дастовардҳои башарро бубинед ва дар натоиҷи рафтори ҷавомеи мухтаф бияндешед. Ин андешидан кумаки бузурге ба шиносоӣ масири саҳеҳи зиндагӣ мекунад:
قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِكُمْ سُنَنٌ فَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ; “Пеш аз шумо, суннатҳое вуҷуд дошт (ва ҳар қавм, тибқи аъмол ва сифоти худ сарнавиштҳое доштанд) пас дар рӯи замин, гардиш кунед ва бубинед саранҷоми такзибкунандагони (оёти Худо) чигуна буд?!” (Оли Имрон, 137)
Дар тафсири Намуна ин оят гӯёи ин ҳақиқат муаррифӣ шудааст, ки Худованд суннатҳое дар ақвоми гузашта дошта, ки ин сунан ҳаргиз ҷанбаи ихтисосӣ надорад ва ба сурати як силсила қавонини ҳаётӣ дар бораи ҳамагон иҷро мешавад. Дар ин суннатҳо, пешрафт ва таолии афроди бо имон ва муҷоҳид ва муттаҳид ва бедор пешбинӣ шуда ва шикаст ва нобудии миллатҳои пароканда ва беимон ва олуда ба гуноҳ низ пешбинӣ гардида, ки дар таърихи башарият сабт аст.
Бар ҳамин асос, Қуръон тавсия мекунад, ки дар рӯи замин бигардед ва дар осори миллатҳои гузашта ва ҳокимони онҳо ва фиръавнҳои гарданкаш ва золим диққат кунед, ва бубинед онон, ки кофир шуданд, Паёмбарони Худоро такзиб карданд ва бунёни зулм ва фасодро дар замин гузорданд, чигуна сарнавиште доштанд? Ва саранҷоми кори онҳо ба куҷо расид.
Паёмҳо:
1- Қавонин ва суннатҳои собите бар таърихи башар ҳоким аст, ки шинохти он, барои башар муфид аст. قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِكُمْ سُنَنٌ
2- Таърихи гузаштагон, чароғи роҳи зиндагии ояндагон аст. فَسِيرُوا ... فَانْظُروا
3- Ҷаҳонгардии ҳадафдор ва боздиди бо андеша, беҳтарин дарс барои тарбияти инсонҳост. فَسِيرُوا ... فَانْظُروا