Дар посух ба ин вазъият, Воҷид Хон, вазири умури динӣ эълом кард, ки як миллион фунт (баробар бо 1.29 миллион доллар) барои таъсиси як ниҳоди мустақил тахсис дода мешавад, ки вазифаи он назорат ва гузоришдиҳӣ дар бораи ҷиноятҳои нафратангез алайҳи мусулмонон ва ҳимоят аз қурбониён хоҳад буд.
Полиси Англис эълом кардааст, ки дар як соли гузашта, шикоёт марбут ба исломҳаросӣ 73% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, 40% ҳодисаҳои хушунатомез дар соли 2024, ки ангезаҳои мазҳабӣ доштаанд, мутаваҷҷеҳ ба мусулмонон будаанд.
Созмони ҳуқуқи башари Tell Mama, ки ба муқобила бо исломҳаросӣ фаъолият мекунад, эълом кард, ки дар соли гузашта, шумори шикоёти сабтшуда бештар аз ҳар вақти дигар дар 12 соли гузашта будааст — ва ин рекорди нав маҳсуб мешавад.
Дар ҳоле ки ин омор тасвири нигаронкунандаеро аз густариши исломҳаросӣ нишон медиҳад, давлати Англис тадриҷан ба қонунгузорӣ ва таъини муҷозоти амалкунандагон иқдом мекунад.
Ҳафтаҳои пеш, ҳукумати ҳизби коргар як кумитаи машваратӣ аз коршиносон таъсис дод, то таърифи расмӣ аз исломҳаросӣ ироа кунанд ва дар расидагӣ ба шикоёт ба ниҳодҳои давлатӣ ва полис кумак намоянд.
Ҳамчунин, ин ҳизб дар маъракаи интихоботии худ ваъда дода буд, ки бо ба даст гирифтани қудрат, таърифи исломҳаросие, ки дар соли 2019 тавассути гурӯҳи порлумонии ҳизбҳои гуногун (APPG) пешниҳод шуда буд, расман қабул хоҳад кард, ки бар асоси он, амалҳои зидди Ислом ва мусулмонон, нажодпарастӣ маҳсуб мешаванд.