Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, оқои Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ, рӯзи панҷшанбе, 17-уми апрел, дар дидор бо раҳбари инқилоби исломии Эрон паёми подшоҳи кишварашро ба ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тақдим кард.
Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ин мулоқот таъкид карданд: «Эътиқоди мо бар ин аст, ки робита миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистон барои ҳарду кишвар судманд хоҳад буд ва ин ду кишвар метавонанд комилкунанда ва такмилдиҳандаи якдигар бошанд.»
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки тавсеаи равобити ду кишвар душманоне дорад, ёдовар шуданд: «Бояд бар ин ангезаҳои душманона ғолиб омад ва мо дар ин замина омода ҳастем.»
Ишон бо ишора ба баъзе пешрафтҳои Эрон гуфтанд: «Ҷумҳурии Исломӣ омода аст дар ин арсаҳо ба Арабистони Саудӣ кӯмак кунад.»
Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: «Ин ки бародарон дар минтақа бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд ва ба якдигар ёрӣ расонанд, хеле беҳтар аз такя кардан ба дигарон аст.»
Дар ин дидор, ки сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон низ ҳузур дошт, оқои Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистон бо изҳори хушҳолии фаровон аз ин мулоқот гуфт: «Ман бо дастури кори густариши равобит бо Эрон ва ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо ба Теҳрон омадаам ва умедворем гуфтугӯҳои созандае, ки анҷом шуд, равобити қавитар аз гузашта миёни Арабистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро фароҳам созад.»