IQNA

Оғози тарҳи сабзсозӣ ва сохтани маконҳои фароғатӣ барои ҳоҷҷиён дар Муздалифа

21:25 - April 18, 2025
рақами хабар: 3231
ИКНА - Ҳайати салтанатии шаҳри Маккаи Мукаррама ва Машоири Муқаддаса аз оғози яке аз тарҳҳои вижа барои хизматрасонӣ ба зоирони Байтуллоҳ дар мавсими Ҳаҷҷи имсол дар машъари Муздалифа хабар дод.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи Укоз, ҳайати салтанатии Макка аз шурӯи як тарҳи нави фароҳамсозии имконот барои ҳоҷҷиён дар Муздалифа иттилоъ дод. Ин тарҳ дарбаргирандаи сохтани фазоҳои сабз, бунгоҳҳои беҳдоштии муҷаҳҳаз бо меъёрҳои вижа барои пиронсолон ва афроди маълул, сангфарш кардани роҳравҳо ва дарахтшинонӣ дар тамоми ин макон мебошад.

Ширкати «Кидона», ки иҷрои тарҳҳои марбут ба машоири муқаддасро бар дӯш дорад, иқдоме бо унвони «Машоири сабз» роҳандозӣ кардааст. Ҳадафи ин барнома, афзоиши пӯшиши гиёҳӣ ва дарахтшинонӣ дар маконҳои муқаддаси ҳаҷҷ бо ҳадафи беҳсозии сифат ва покии ҳаво аст.

Марҳилаи аввал бо дарахтшинонӣ дар масирҳои пиёдагарди байни Арафот ва Мино оғоз шудааст. Дар ин марҳила, тақрибан 20 ҳазор дарахт дар масоҳати беш аз 290 ҳазор метри мураббаъ шинонида хоҳад шуд.

Ин фазоҳо аз мавсими Ҳаҷҷи имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт ва тарҳ дар қолаби як барномаи ҳамаҷонибаи чандмарҳилаӣ то расидан ба беш аз 3 миллион метри мураббаъ ва шинонидани беш аз 100 ҳазор дарахт дар солҳои оянда густариш хоҳад ёфт.

Бунёди ин тарҳ бар мабнои аҳдофи Чашмандози 2030 Арабистони Саудӣ аст, ки бар боло бурдани сифати хадамоти ҳаҷҷ тавассути фароҳамсозии муҳити устувортар таъкид мекунад.

Бар асоси гузориши рӯзномаи Укоз, барои пойдории тарҳ аз системаи обёрии худкори пешрафта истифода мешавад, ки бо истифода аз ҳассосгарҳои зеҳнии намии хок, обёриро ба таври худкор фаъол ё қатъ мекунад. Ин система то 50 дарсад дар масрафи об сарфаҷӯӣ мекунад ва бо маркази назорати марказӣ пайваст аст, ки имкон медиҳад пайгирӣ ва гирифтани ҳушдорҳо ба сурати автомат анҷом шавад. Ба ин тартиб, ин тарҳ ба яке аз пешрафтатарин системаҳои обёрии минтақа табдил ёфтааст.

Соли гузашта низ, бо ҳадафи осонсозии равуои ҳоҷҷиён, қатори машоири муқаддаса сафари нахустини худро дар мавсими Ҳаҷ оғоз кард. Ин қатор дорои 9 истгоҳ аст, ки барои ҳаракати зоирон дар Мино, Арафот ва Муздалифа фаъол шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4276894

captcha