Ба гузориши ИҚНА, матни ин паём ба шарҳи зер аст:
Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон
إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُون “Мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем”
Хабари даргузашти олими бузургвор ва муҳтарам, Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Ҳоҷ Оқои Сайид Муҳаммад Боқири Мусавии Кашмирӣ, боиси андуҳ ва таассуфи бисёр гардид.
Он бузургвор солҳои тӯлонӣ аз умри пуршарафи худро сарфи таблиғи дини мубини Ислом ва хидмат ба мӯъминон намуд ва дар ин замина заҳматҳои зиёде кашиданд.
Бо ибрози таслият ба ҳамаи бародарону хоҳарони имонӣ дар Кашмир, махсусан ба хешовандону дӯстдорони гиромии он фақиди саид, аз Худованди Мутаъол барои ишон баланди дараҷот ва барои бозмондагонашон сабри ҷамил ва аҷри ҷазил металабем.
ولا حول ولا قوة الا بالله العلى العظيم
19-уми Шавволи соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ
Оятуллоҳ Сайид Муҳаммад Боқири Мусавии Кашмирӣ аз уламо ва шахсиятҳои шинохтаи шиаёни минтақаи Кашмири Ҳинд буд, ки дар синни 85-солагӣ баъд аз як муддати беморӣ дар ноҳияи Будгам вафот кард.
Ин олими бузург таҳсилоти улуми исломиро дар ҳавзаи илмияи Наҷаф Ашраф гузаронида буд ва ҳамчун намояндаи Оятуллоҳ Узмо Систонӣ дар минтақаи Кашмир шинохта мешуд.
У дар тӯли ҳаёти хеш, дар баробари таблиғ ва тарвиҷи маорифи Аҳли байт (а), китобҳо ва мақолаҳои зиёдеро дар мавзӯъҳое чун илоҳиёт, фиқҳ ва таърих ба забонҳои гуногун ба ришта дароварда буд.