IQNA

Ҳадияи дарозтарин Қуръони дастнависи ҷаҳон ба ҳарами Имом Ҳусайн (а) + акс ва навор

21:46 - April 20, 2025
рақами хабар: 3237
ИКНА - Дарозтарин Қуръони дастнависи ҷаҳон бо талоши Маркази эҷодиёти фикриву фарҳангии «Ал-Муҳаррақ» аз Баҳрайн ба тавлияти муқаддаси Ҳусайнӣ дар Карбало тақдим шуд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз тавлияти Ҳусайнӣ, Осорхонаи ин тавлият дарозтарин Қуръони ҷаҳонро бо ҳузури Шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ — мудири ҳарими Имом Ҳусайн (а) ва намояндаи марҷаъияти олии шиаён дар Ироқ — дарёфт кард.

Ин Қуръон 1250 метр тӯл дорад ва дар ду ғалтаки чапу рост, ки ба ҳам мепечанд, китобат шудааст. Ин дарозтарин Қуръони дастнавис дар ҷаҳон аст, ки ба ин андоза ва ба ин шева китобат шудааст.

Маркази эҷодиёти фикриву фарҳангии «Ал-Муҳаррақ»-и Баҳрайн умедвор аст, ки ин Қуръон дар Китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес сабт шавад, то тамоми ҷаҳон бо аҳаммият ва муқаддасоти Қуръони Карим ошно гардад.

Ин марказ таъкид кардааст: Ин Қуръон посухе ба ҳамлаҳои кинатӯзона нисбат ба каломи Худованд ва дастоварде барои ҷалби ризоияти Илоҳӣ ва хидмат ба дини мубини Ислом мебошад.

Ба иттилои маркази «Ал-Муҳаррақ», ин нусхаи Қуръон ба шеваи ҳунармандона ва бо маҳорати хос дар рӯзҳои ҳамагирии вируси корона китобат шудааст ва корҳои китобати он дар таърихи 23-юми моҳи Рамазони соли 1443 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 25-уми апрели соли 2022 милодӣ ба поён расидааст.

Шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоиӣ, мудири ҳарими Ҳусайнӣ, дар суханрониаш ҳангоми расман қабул кардани дарозтарин Қуръони ҷаҳон гуфт: "Мо ба Қуръони Карим ва мероси Аҳли Байт (а) таваҷҷуҳи махсус дорем ва шабакаҳои моҳвораӣ ин таваҷҷуҳро инъикос додаанд, ва ҳар инсони одил метавонад онро мушоҳида кунад."

код

https://iqna.ir/fa/news/4277353

captcha