Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Россия-ал-Явм», Лавров дар дидор бо намояндагони “Гурӯҳи дурнамои стратегӣ Русия ва ҷаҳони Ислом” ва сафирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Маскав, ки дирӯз, 21-уми апрел баргузор шуд, хотирнишон кард: Гурӯҳи дурнамои стратегӣ Русия ва ҷаҳони Ислом нақши муҳимеро дар равобити Русия бо Созмони ҳамкории исломӣ ифо мекунад.
Вай афзуд: Ин гурӯҳ дӯстӣ ва эътимод миёни Русия ва ҷаҳони Исломро таҳким мебахшад.
Вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба зиндагии мусолиматомези насрониён, мусалмонон, будоиён ва яҳудиён дар ин кишвар гуфт: Кишвари мо ба таври суннатӣ равобити дӯстона ва қобили эътимод бо ҷаҳони Ислом дорад.
Вай бо баён ин ки Русия ва ҷаҳони Ислом муштаракоти зиёде доранд, бархе аз ин муштаракотро чунин баршумурд: тааҳҳуд ба эҷоди як низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ ва одилона бар асоси усули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар кулл ва равобити мутақобила ва эҳтиром ба гуногунӣ (танаввуъи) фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва риояти амалии муҳимтарин усули баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ва моддаи аввали Оинномаи СММ, ки бар риояти ҳуқуқи башар бе таваҷҷуҳ ба нажод, ҷинс, забон ва мазҳаб таъкид дорад.
Лавров бо баён ин ки Федератсияи Русия барои таҳкими равобити дӯстона бо Созмони ҳамкории исломӣ аҳамияти зиёде қоил аст, гуфт: Мо хушҳолем, ки дар давоми ду даҳаи ҳамкории муштарак аз замоне ки Русия дар соли 2005 мақоми нозирро дар ин созмон дарёфт кард, ба дастовардҳои шоёне ноил гардидем.
Гурӯҳи дурнамои стратегӣ Русия ва ҷаҳони Ислом дар соли 2006 ва баъд аз пайвастани Федератсияи Русия ба Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчун узви нозир таъсис ёфт.